Муқимҷон Абдуфаттоев: Ҳунарманд бояд унвон гирад, на мансаб

Театр-студияи “Хандинкамон” баъд аз як соли сукут, ки хуруҷи пандемияи COVID-19 ба он сабаб шуд, бо барномаи ҷадиди ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе омад ва санаи 31 март бо мухлисонаш рӯ ба рӯ шуд. Ду соат қабл аз оғози консерт Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари ин гурӯҳ меҳмони барномаи “Корзина” шуд ва ба суолҳои хабарнигори “Тоҷикистон” посух гуфт, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

— Акаи Муқимҷон ба Душанбе хуш омадед!

— Саломат бошед! Аз ҳузур доштан дар шаҳри Душанбе ва вохӯрӣ бо шумо хушҳол ҳастам. Бовар кунед, дар ин як соли дурӣ, як соле, ки ҳама аз якдигар гурезон будем, хеле мухлисонро пазмон шудам.

-Консерте, ки дар Душанбе нишон медиҳед, аз барномаҳои қаблие, ки дар Хуҷанд ё минтақаи Суғд пешкаш мекунед, чӣ фарқият дорад?

— Ягон фарқи калон надорад. Каму беш дар саҳнаҳо кӯчаву хиёбонҳо, муносибату муоширати мардуми Душанбе ва умуман баъзе навгониҳое, ки дар Душанбе ҳастанд, инъикос шудаанд. 

— Саҳначаҳои Шуморо кӣ менависад?

— Баъзан худам менависам, баъзан аз ҳаёти одамон мегирем.

-Барои чӣ ба ҳаҷвнависони касбӣ муроҷиат намекунед?

-Барои он ки ҳаҷвнависони касбӣ ангуштшуморанд. Ҳамон теъдоди кам ҳам, аксар вақт матолиби публитсистӣ менависанд, ки ба талаботи мо ҷавобгӯ нест ё мавзӯашон кӯҳна аст, бештарашон ҳаёти замони шӯравиро менависанд, ки ба дарди имрӯза намехӯрад. Ба мо ва аудиторияи мо ҳаҷви имрӯз лозим аст, саҳнаҳое, ки рӯзгори имрӯзиёнро инъикос кунад, камбудиҳои рӯзро бигӯяд. Афсӯс, ки ин хел муаллифон нестанд, бинобар ин, аксари саҳнаву суханҳоямонро худамон менависаем.

— Аз «Хандинкамон»-и аввала чанд нафар дар «Хандинкамон»-и нав иштирок мекунанд?

-Мо «Хандинкамон»-ро ба наву куҳна ҷудо намекунем. «Хандинкамон» яктост, танҳо одамон иваз мешаванд. Аз нафароне, ки дар аввали таъсисёбии «Хандинкамон» буданд, ҳоло 3 нафар бо мо ҳастанд.

— Чаро аз «Хандинкамон» мераванд?

-Ин як раванди табиист. Баъзеҳо шавҳар карданду дигар иҷозати ба саҳна баромадан надоштанд, баъзеи дигар аз Тоҷикистон ба дигар давлат кӯчиданд, баъзеи дигар хоҳиши рафтан карданд ва ғайра. Вале бояд бигӯям, ки ман зиёд кӯшиш кардам, ки монеи рафтанашон шавам, аммо…

-Ҳунармандони ҷавонро чӣ гуна қабул мекунед?

— Ба тариқи кастинг. Бо кумаки шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ барои пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон кастинг ташкил кардем ва аз миёни 39 нафар танҳо 3 нафарро ба ҳайати “Хандинкамон” пазируфтем, ки ҷавобгӯйи талаботи мо ҳастанд ва феълан фаъолият доранд.

— Тавре огоҳ шудем, шумо духтареро пайдо кардед, ки бо Қаҳрамон Ёров ба ҷисму ҷусса баробар аст. Яъне ҷуфти саҳнавии ӯро пайдо кардед. Чӣ тавр?

— Бале, ин яке аз бозёфти муҳими мост. Манижаро, ки акнун ҷуфти саҳнавии Қаҳрамонҷон Ёров аст, дар яке аз кастингҳо аз ноҳияи Данғара пайдо кардем, ки истеъдоди хуб дорад. Феълан бо мо ҳамкорӣ мекунад ва бовар дорам, ки ҳунарнамоии ӯ писанди мухлисон мешавад.

— Ҳоло метавонед гурӯҳи ҳаҷвиеро номбар кунед, ки ба андешаи шумо рақиби “Хандинкамон” бошад?

— Агар муҳити ҳаҷви тоҷикиро дар назар дошта бошед, “Хандинкамон” рақиб надорад. Барои рақобат бояд тарафайн баробар бошанд ё ҳадди ақал сатҳу сифати маҳсулоташон аз лиҳози мазмуну муҳтаво ба ҳамдигар монанд бошанд. Ман тарафдори рақобат ҳастам, аммо ҳоло рақиб надорем.

— Ҳоло  ҳаҷви тоҷикро кадом гурӯҳ пеш бурда истодааст?

— Мутаассифона, ман гурӯҳеро номбар карда наметавонам.

-Чаро?

— Барои обуначиву «лайк» имрӯз корҳое шуда истодааст, ки дили одам аз ҳама чиз мемонад.

— Ба назари шумо ҳаҷв чист?

— Ҳаҷв ин оинаест, ки рӯзгорро инъикос мекунад.

— Агар аз дидани ҳаҷв бинанда танҳо бихандад,  аммо ба умқи он сарфаҳм наравад, айби кист?

— Айби ҳаҷвнигор, зеро натавонист ба мардум мушкилиро нишон бидиҳад. 

— Чи бояд кард, ки ҳаҷви мо пеш равад?

— Аслан, бояд ҳаҷвнигор дониши кофӣ дошта бошад, ҳаҷв масхарабозии бемаъно нест. Аз ин сабаб моро мебояд бо ҳаҷвнигорони ҷавон зиёдтар кор кунем ва ҳадафи аслии ҳаҷви тоҷикро ба онҳо фаҳмонем.

— Шумо дар Ютуб барномаи ҳаҷвие доред, ки «Як пиёла чой бо Муқимҷон Абдуфаттоев» ном дорад. Идеяи ин барнома аз куҷо пайдо шуд?

— Чун ҳоло аксарият ба Ютуб гузаштаанд ва дар ин шабакаи ҷаҳонӣ вақти худро мегузаронанд, мо ҳам тасмим гирифтем, ки барои дилхушии ҳаводорони худ чунин барномаи ҳаҷвӣ таҳия кунем. Дар «Як пиёла чой бо Муқимҷон Абдуфаттоев» ман латифаҳоеро ҷамъ оварда мегӯям, ки моли халқанд ва ба мавзӯъҳои гуногун рабт доранд.  

— Шумо як замон мансабдор — роҳбари театр будед, бигӯед, ки мансаб ба кору зиндагии шумо чӣ таъсир кард?

— Аблатта, таъсири бад, зеро аз бисёр корҳои эҷодӣ мондам. 

— Як ҳунарманд бояд мансаб гирад ё не?

— Ҳунарманд бояд унвон гирад, на мансаб.

— Мубориз Усмонов шуморо ҳаҷвнигори №1 гуфта муаррифӣ карда буд, шумо ба ин розиед?

— Барои чи не? Агар шумо 10 сол пеш ин саволро аз ман мепурсидед, шояд хоксорӣ карда қабул намекардам, аммо ҳоло розиям ва қабул дорам.

-Ин ман-манӣ нест?

-Агар ҳоло ман-манӣ накунӣ аз маърака берун мемонӣ. Мутаассифона, замона чунин ҳолатро талаб мекунад.

— Чӣ мехонед?             

— Китоб, матбуот ва дар кӯчаҳо шиор мехонам.

— Чӣ мебинед?

— Ҳамин чашмони гунаҳкорам чизеро нишон диҳанд мебинам.

— Чӣ мешунавед?

— Ҳар чизе, ки ба гӯшҳоям шунавам ва кӯшиш мекунам, ки садоҳои хубро шунавам.

— Чӣ фикр мекунед?

— Фикр мекунам, ки дар ҳаҷв ба сатҳе бирасам.

— Чӣ мехӯред?

— Нони гарми модарамро бисёр дӯст медорам.

— Чӣ мегӯед?

— Шукр. 

— Чӣ мехоҳед?

— Вобастаи касе набошам.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *