Муҳаммадҷон Холов: Одам ба шикастани тамоми дардҳову дарҳо қодир аст

Чанд моҳ пеш дар интернет даҳҳо саҳифа шакли пурра ё порча-порчаи баромади Муҳаммадҷон Холовро аз Озмуни Central Asia’s Got Talent нашр карданд. Муҳаммадҷон ҳамчун ҳаҷвнигор-тақлидкор дар ҳайати гурӯҳи овозадори “Ғарибшо-компания” солҳое рӯи саҳна будаанд, ки мо ҳанӯз таваллуд нашуда будем ва дар миён бо сабаби ҳодисаҳои нохуш танаффуси калон доштаанд. Ҳоло ба тарроҳии либосҳо машғул ҳастанду каму беш кӯшиш карда истодаанд, ки дуюмбора болои саҳна корҳоеро анҷом диҳанд. Фаҳмидани ин ҳама баҳонаи хубе шуд барои бо акаи Муҳаммадҷон суҳбате доштан. Занг задем. Барои суҳбат розӣ шуданд. Мо қарор додем, ки дар ошхонае вохӯрем. Вақте расидем, эшон қариб хӯрокашонро тамом карда буданд. Андаке пас диктофон фаъол шуду мо оғоз кардем.

Шумо зиёда аз 16 сол дар саҳна набудед, чӣ тавр тасмим гирифтед, ки дар Озмуни Central Asia’s Got Talent иштирок намоед?

— Як рӯз “Facebook”-ро фаъол кардам, ки эълони иштирок дар озмуни мазкурро дидам. Рӯзи охири қабули дархостҳо буд. Чанд суруд пешниҳод кардам, ҳамаашро қабул карданд. Чанд рӯз пас ба ман паём омад, ки чиптаам тайёр аст ва омодаи сафар бошам.

Бо алам сароидед…

— Аламам зиёд аст.

Бо дард сароидед…

— Дардам зиёд аст.

Дар оғоз барои иштирок ноумедиҳо буданд?

— Не, ҳаяҷон буд, ҳаяҷони зиёд. Вақте ки сурудро дар саҳна иҷро мекардам, ҳамагӣ ашк мерехтанд ва эҳсосе пайдо шуд, ки гӯё аввалин маротиба ба саҳна баромада бошам.

Кай ҳаяҷон гум шуд?

— Ҳамон вақте ки ашкрезии мардумро дидам.

Суруд дарди шумо буд, чаро мардум ашк рехтанд?

— Инсонҳо ҳамин гунаанд, бо нафари дардманд ҳамдард мешаванд.

Дар баромадатон гуфтед, ки бо дастгирии дӯстон ба худ омадед, вале сужаи сурудатон баръакс мегӯяд, чаро?

— Суруди “Одамон” вақте тавлид шуд, ки аз хонаи пиронсолон фирор кардам ва ба додам касе нарасида буд.

Чӣ тавр фикри тоқӣ-кепка кардани сарпӯшатон пайдо шуд?

— Пеш аз озмун чанд нафар маслиҳат доданд, ки шиму кастюм пӯшам, вале рад кардам, зеро гуфтам, ман тарроҳ ҳастам ва бояд як либосе пӯшам, ки худамро баҳузур ҳис кунам. Як дӯсти дигар тавсия дод, ки тоқӣ монам, вале дар натиҷаи гуфтугӯ ва машварат тоқӣ не, балки тоқӣ-кепка тавлид шуд, ки онро ҳам худам кардам.

Аз сурудатон се мисраъ мегӯям, шарҳ диҳед.

— Хуб, марҳамат.

“Захмиям аз ханҷари номардӣ…”.

— Аз пушти ман бисёр гап карданд…

“Одамон доданд фиребам…”.

— Вақте дар саҳна будам, бисёр истифодаам карданд…

“Аз муҳаббат бенасибам, аз муҳаббат ноумедам…”.

— Муҳаббат ва ҳақиқат танҳо дар филмҳои ҳиндӣ аст.

— Дар баромадатон ҳам тарсидед ва ҳам ашк рехтед, метавонед он лаҳзаро ба ёд оред?

— Ман интизор набудам, ки чунин мешавад. Вақте ки яке аз доварон тугмачаи махсусро пахш кард, ман ҳам тарсидам ва ҳам беихтиёр ашк рехтам. Он вақт ҳам алам ва ҳам дардҳоям рӯ заданд.

Шумо тугмачаи махсусро интизор будед?

— Натанҳо тугмачаи махсусро, балки интизор набудам, ки маро барои иштирок даъват мекунанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *