Муҳаммадҷон куҷо бошад?! Ӯро 3 рӯз боз меҷӯянд (аудио)
Як донишҷӯи тоҷик дар Душанбе баъди аз хобгоҳи донишгоҳ баромадан ғайб задааст. Ӯро 3 рӯз боз дӯстону пайвандонаш ҷустуҷӯ доранд.
Муҳаммадҷон Набиев, донишҷӯйи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, аз 12-уми апрел инҷониб бедарак аст. Тавре дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дӯстони Муҳаммадҷон хабар додаанд, ӯ донишҷӯйи курси 2-юм будааст.
Саъдӣ Холмаҳмадзода, ки худро ҳамсинфи Муҳаммадҷон ном бурда, ҳамзамон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил дорад, мегӯяд, ки ӯ то ҳол пайдо нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳар касе Муҳаммадҷон Набиевро пайдо кунад, бо рақамҳои телефонии зерин иртибот гирад: 550506836, 905773434, 501773434.
Аммо дар пайи бедарак шудани ин донишҷӯи тоҷик корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд ӯро “облава” карда бошанд. Зеро вақтҳои охир наворҳои зиёде пайдо шуданд, ки аз “облава” шудани ҷавонон дарак медиҳанд. Вале мақомот чунин иддаоро рад мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ