Муҳаммад Ғоиб адиби сол эълон шуд (Видео)
Дирӯз ба Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб диплом ва мукофоти “Адиби сол – 2019” супорида шуд. “Адиби сол-2019” дар заминаи як назарпурсии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки охири соли гузашта барои мушаххас кардани 10 чеҳраи соли 2019 баргузор шуда буд, муйян гардидааст.
Дар муаррифии адиби соли 2019 ҳафтаномаи “Тоҷикистон” менависад:
“Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоибро ҳамаи Тоҷикистон мешиносад. Ашъори ӯ миёни хонандагон маҳбубият дорад. Сурудҳое, ки сарояндагон аз эҷодиёти ин шоир месароянд, кайҳо халқӣ шудаанд. Вале дар охири соли 2019 Муҳаммад Ғоибро туҳфаи ғайричашмдошт интизор буд. Зеро шоир дар ҷаласаи панҷоҳуми Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов шуд. Ҷоизаи мазкурро рӯзи 22-юми ноябр дар толори Думаи қасри Таврическийи шаҳри Санкт Петербург тариқи Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба шоир фиристоданд. Мукофотпулии ҷоиза 30 ҳазор доллари ИМА аст.
Респондентони мо Ҷоизаи Чингиз Айтматовро, ки дар ҳудуди ИДМ баъд аз Ҷоизаи Нобел дувумин ҷоизаи эътирофшудаи адабист, на танҳо дастоварди Муҳммад Ғоиб, балки туҳфаи беназир ба адабиёти тоҷик арзёбӣ мекунанд.”
Мукофотро ба шоир дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муҳаррири нашрия Одил Нозир супорид ва шоирро бо ин эътирофи баланди хонандагон таҳният гуфт.
Муҳаммад Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019) буда, бо ашъори дилнишини ватандӯстонааш миёни хонандагон маҳбубият дорад.
Википедия – донишномаи озоди маҷозӣ дар мавриди шоир менависад:
Номбурда 16 марти соли 1954 таваллуд шуда, соли 1977 факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд. Номбурда аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Муҳаммад Ғоиб соли 1981 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС гардид.
Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.
Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,соли 2012 дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гардид.
Муҳаммад Ғоиб пас аз қабули диплому мукофот ба хонандагони “Тоҷикистон” барои эътирофу интихобашон изҳори сипос намуда, аз ашъори ҷадиди худ қироат кард, ки онро пешкаши шумо мегардонем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ