Муҳаммад Ғоиб аз бемористон мураххас шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баъди шифо аз бемории коронавирус, ки дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ буд, мураххас шуд.
Ӯ беш аз 10 рӯз дар бистари беморӣ қарор дошт. -Мо касал шудем, ин бемориро аз сар гузаронидем, — гуфт шоир, — дуо мекунем, ки табибон бемор нашаванд. Зеро баъзе духтурон як моҳ шуд, ки ҳатто хонаашонро надидаанд.
Муҳаммад Ғоиб шоири маъруфи кишвар буда, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ мебошад. Ашъори ӯ миёни хонандагон маҳбубият дорад. Сурудҳое, ки сарояндагон аз эҷодиёти ин шоир месароянд, кайҳо маҳбуби мардум гардидаанд.
Дар охири соли 2019 Муҳаммад Ғоибр соҳиби туҳфаи ғайричашмдошт гардид. Шоир дар ҷаласаи панҷоҳуми Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов шуд. Ҷоизаи мазкурро рӯзи 22-юми ноябр дар толори Думаи қасри Таврическийи шаҳри Санкт Петербург тариқи Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба шоир фиристоданд. Мукофотпулии ҷоиза 30 ҳазор доллари ИМА аст.
Инчунин, аввали соли равон дар заминаи як назарпурсии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” барои мушаххас кардани 10 чеҳраи соли 2019 Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб соҳиби диплом ва мукофоти “Адиби сол – 2019” гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ