Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ: Ман Фирдавсӣ ҳастам!

Рӯзҳои 13-14-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дуюмин Ҳамоиши байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ доир гардида, шоҳномапажуҳони 15 кишварро ба ҳам овард. Бо яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, донишманди маъруфи эронӣ, роҳбари Хирадсарои Фирдавсӣ Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ суҳбат оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад. 

— Устод азиз, дар яке аз суҳбатҳоятон гуфтед, ки ман Фирдавсӣ ҳастам…  

— Банда мутаваллиди шаҳре ҳастам, ки Фирдавс ном дорад. Ин шаҳр воқеъ дар Хуросони Эрон аст. Дар дабиристони Фирдавсӣ дарс хондаам. Бинобар ин, аз кӯдакӣ ҳар ҷо исми Фирдавс ё Фирдавсиро шунавам, эҳсоси аҷибе маро фаро мегирифт. Баъдан, ба Машҳад рафтам ва донишҷӯйи Донишгоҳи Фирдавсӣ шудам. Он солҳо барномаҳои зиёде дар Машҳад роҷеъ ба Фирдвсӣ баргузор мешуд, ки дар онҳо ширкат мекардам. Соли 1347-и мо, ки мешавад 1968-и шумо, Оромгоҳи Фирдавсӣ баъди ишколе, ки пеш омада буд, таъмиру тармим ва дубора ифтитоҳ шуд. Ман ба унвони донишҷӯ дар он ҷаласа ширкат доштам ва баъди он ҳар гоҳ фурсат пайдо мекардам, ба ин оромгоҳ мерафтам. Чанд сол баъд устоди Донишгоҳи Фирдавсӣ шудам ва 50 сол аст, ки Фирдавсӣ дарс медиҳам. Рисолаи фавқуллисон ва поённомаи доктории ман роҷеъ ба Фирдавсӣ аст… Яъне аз ин беш намешавад, ки ба Фирдавсӣ наздик буд. Бинобар ин, бо лутф гуфтам, ки ман Фирдавсӣ ҳастам…

— Илова бар ин, шумо феълан роҳбари Хирадсарои Фирдавсӣ ҳастед. Дар бораи ин марказ чанд ҳарф бигӯед.

— Хирадсарои Фиравсӣ ҳам ба Фирдавсӣ машғул аст. Меҳвари кори мо фирдавсишиносӣ ва шоҳномапжуҳӣ аст. Мо ҳар китоберо, ки дар ҷаҳон роҷеъ ба Фирдавсӣ нашр мешавад, дастрас ва муаррифӣ мекунем. Феълан ба нашри “Донишномаи Фирдавсӣ” ҳиммат гумоштаем, ки дастовардҳои фирдавсишиносии ҷаҳонро фаро мегирад. Илова бар ин, худамон ба таҳқиқ машғулем. Маҷалла дорем ва китобҳо нашр мекунем. Хирадсарои Фирдавсӣ як маркази озоди илмӣ аст ва вобастаи ҷумҳурии исломӣ нест. 26 сол пеш банда аз ҷониби ин ниҳод пешниҳод кардам, ки 25-и урдубиҳишт (15-уми май) дар Эрон ҳамчун Рӯзи Фирдавсӣ таҷлил шавад. Пешниҳоди мо қабул ва ба рӯйхати ҷашнҳои давлатӣ ворид шуд. Хушбахтона, то имрӯз Бузургдошти Фирдавсӣ дар Эрон бо шукуҳ таҷлил мешавад.

— Аз “Шоҳнома”-пажуҳони тоҷик бо киҳо ошноӣ ва ҳамкорӣ доред?

— Банда соли 1994 ҷиҳати иштирок дар Ҳазораи “Шоҳнома” аввалин бор ба Тоҷикистон омадам. Он вақт муҷассамаи Фирдавсӣ дар ҷойи ҳозираи майдони Исмоили Сомонӣ буд ва бахше аз ҳамоиш дар он ҷо баргузор гардид. Давоми ин солҳо бо Худоӣ Шарифзода, Расул Ҳодизода, Мирзо Муллоаҳмад, Камолиддин Айнӣ, Ҷӯрабек Назрӣ, Валӣ Самад, Амрияздон Алимардон, ки мутаассифона, ҳама ҷаҳони фониро падруд гуфтанд, ошноӣ ва ҳамкорӣ доштам. Китобу мақолоти ин бузургонро дар Эрон нашр кардаам. Чанд соли охир наомада будам ва равобитамон суст шуда буд. Феълан бо Фарҳод Раҳимӣ, Фарангис Шарифзода, Рустам Ваҳҳобзода, устод Абдунабӣ Сатторзода, Равшан Раҳмонӣ ва дигарон робита дорам ва умедворам, ки ҳамкориҳоямон идома меёбанд. Аммо афсӯс, ки аз дастовардҳои фирдавсишиносии солҳои охир мутталеъ нестам, ки далели ин надонистани хати сирилик аст.

— Шумо ба ин нукта дар суханрониатон ҳам ишора доштед ва боз аз пажуҳишгарони тоҷик гила кардед, ки аксар хати ниёгонро балад нестанд…

— Бале. Солҳои аввале, ки ман ба Тоҷикистон меомадам, таваҷҷуҳ ба хати ниёгон зиёд буд. Ҳатто номи мағозаҳо ва шиору овезаҳо дар баробари сирилик бо хати форсӣ буд. Дар маркази Душанбе мағозаи фурӯши китобҳои форсӣ амал мекард. Ҳоло чунин нест. Албатта, ин сабабҳое дорад, ки ман ба умқи онҳо намеравам. Вале зарурати фарҳангӣ ва таърихӣ ҳаст, ки қатъан ба донистани хати ниёгон зарурат дорад. Бинобар ин, пажуҳишгарон ва ҳар он касе, ки ба таъриху адабиёт машғул аст, бояд ин хатро омӯзад. Ҳазорҳо, садҳо ҳазор гуфтан ҳам кам аст, тоннаҳо китоб ба хати форсӣ мавҷуд аст. Дар худи китобхонаҳои Тоҷикистон садҳо ҳазор китоб ба хати форсист. Икмони ҳамаи онҳоро ба сирилик бозгардон кардан нест. Вале зарурат ҳаст, ки онҳо омӯхта шаванд. Зимни ҳамоиш мутаваҷҷеҳ мешудам, ки бархе аз пажуҳишгарони тоҷик бо сабаби надонистани хати форсӣ ҳарфҳоеро мегуфтанд, ки аллакай гуфта шудаанд ё аз бисёр пажуҳишҳо огоҳӣ надоштанд. Мо ҳам аз ҳарфҳои нави дӯстони тоҷик ба ваҷд меомадему афсӯс мехӯрдем, ки хати сириликро намедонем, ки ба ин манобеи гаронбаҳо дастрасӣ пайдо кунем. Бинобар ин, банда ба хулоса омадам, ки баробари рафтан ба Машҳад омӯзиши хати сириликро ба роҳ мемонем, зеро ин хат бисёр осон аст. Ҳам худам меомӯзам, ҳам шогирдонамро ҷалб мекунам. 

— Шумо дар мавриди нусхаи “Шоҳнома”-е, ки дар Тоҷикистон нашр шудааст, ишора карда, гуфтед, ки он нусхаи боэътимод нест, балки мағлут аст. Чаро ба чунин хулоса омадед? 

— Банда қаблан низ инро гуфта будам. “Шоҳнома”-е, ки дар Тоҷикистон нашр шудааст, дар асоси нусхаҳои ҷадид, ки мағлут ҳастанд ва бахшҳои зиёде ба онҳо илҳоқ шудааст, омодаи нашр шудааст. Ин нусхаҳоест, ки котибон зимни китобат ба он чизҳоеро илова ва ё кам кардаанд. Барои мисол дар ҳамин ҳамоиш як нафар мегуфт, ки “Барзунома” ҷузъи “Шоҳнома” аст, ҳол он ки, ин достони дигар аст. Ё дар суханронии чанд нафар байтҳоеро мешунидам, ки умуман моли Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” нестанд. Вақте сухани Фирдавсӣ нест, бардошт ғалат мешавад. Бинобар ин, зимни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ бояд ба нусхаҳои муътамад муроҷиат шавад. Феълан, беҳтарин нашри “Шоҳнома” чопи Холиқи Мутлақ аст, ки онро тавсия медиҳем. Нашри Москва ҳам хуб аст ва дӯстони тоҷик метавонанд аз он истифода кунанд.   

— Шумо ҳамеша дар бораи Тоҷикистон бо муҳаббат ҳарф мезанед… 

— Зеро Тоҷикистонро дӯст медорам. Аз соли 1994 то имрӯз қариб 40 бор ба Тоҷикистон омадаам. Дар бораи тоҷикон ва бузургони тоҷик зиёд навиштаам, аз ҷумла дар бораи осори устод Садриддин Айниву Баҳманёр ва дигарон. Ҳатто дар Ҳамоиши ҳозир ҳам мавзуи суҳбати ман “Шумони “Шоҳнома” — Ҳисори Тоҷикистон” унвон дошт. Банда бар он ҳастам, ки мо як адабиёт, як забон ва як фарҳанг дорем. Бинобар ин, бояд ҳамеша дар иртибот бошем. 

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *