Муҳаммад Алӣ чаро дини Исломро пазируфт?
3-юми июни соли 2016 яке аз чеҳраҳои шинохтаи варзиши ҷаҳонӣ, муштзани машҳури амрикоӣ, чемпиони Бозиҳои 17-уми тобистонаи олимпии Рим- 1960, чемпиони ҷаҳон дар вазни вазнин (1964-1966, 1974-1978), 5 карат барандаи унвони «Муштзани сол» (1963, 1972, 1974, 1975, 1978), «Муштзани даҳа» (солҳои 70-ум), «Варзишгари сол» (маҷаллаи «The Ring»), «Варишгари аср» (маҷаллаи «Sport LLLustrated» (1974), барандаи унвони «Нобиғаи варзиш» ва титули «Шоҳи Бокс»
Муҳаммад Алӣ дар варзиши ҷаҳонӣ як шахси истисноӣ ва нобиға аст. Дар тамоми ҳаёташ дар 61 муҳорибаи ҷаҳонӣ ширкат карда, 56 маротиба дастболо гардидааст ва танҳо 5 маротиба мағлуб шудааст. Ҳамчунин 37 ғолибияти ӯ бо нокаут хурдани рақиб ба даст омадааст.
Зери табъизи нажодӣ
Номи аслии ӯ Кассиус Марсллус Клей буда, 17 январи соли 1942 дар шари Луисвеллии иоли Кентукки таваллуд шудааст. Модараш Одесса Клей, хонашин ва падараш Кассиус Клей, рассоми шиору овеза буд. Баъди ду соли таваллуди ӯ бародараш Рудолф ба дунё меояд, ки ӯ ҳам пас аз қабули дини ислом исмашро ба Раҳмон Алӣ табдил медиҳад.
Оилаи онҳо мисли сиёҳпӯстон қамбағал набуд, балки аз сафедпӯстони зинаи дуввум каме пасттар зиндагӣ мекарданд. Падараш, рассомӣ мекард ва модараш дар хонаи сафедпӯстон либос мешусту ғизо омода мекард. Ин буд, ки онҳо миёни ҳамаи ҳамқавмони худ, аз ҷиҳати таъминоти молӣ болотар меистоданд ва имкон пайдо карданд, ки 4500 доллар ҷамъоварӣ карда, аз маҳали сиёҳпӯстон коттедж харидорӣ кунанд. Баръакси сиёҳпӯстони дигар, Алӣ барои дастгирии таъминоти оила аз кӯдакӣ кор намекард.
Кӯдакии Муҳаммад Алӣ дар замони зиддиятҳои қавмӣ гузаштааст. Замоне ки ӯ ба воя мерасид, ба солҳои 50-ум рост омад, ки дар Амрико ҳаракатҳои озодихоҳии сиёҳпӯстон шиддат гирифта, муносибат миёни сафедпӯстон ва сиёҳпӯстони амрикоӣ тезутунд мешуд. ӯ ҳамеша гиря мекард, ки чаро дар Амрико ба сиёҳпӯстон, чун ба мардуми навъи дуввум муроҷиат мекунанд?
«Ягон қаҳрамоне аз табори мо набуд, ки ба ӯ пайрав бошем. Ҳатто Исои Масеҳ ҳам дар иконаҳо ҳамеша сафедпӯст буд. Ҳама фариштаҳо дар суратҳо сафедпӯст буданд. Ман модарамро ҳамеша мепурсидам: «Агар мо бимирем, бо мо чӣ мешавад? Оё мо ба биҳишт меравем?» — менависад, ӯ дар рӯзномааш.
Қадами аввал ба бокс
Дар синни 12- солагӣ дучархаи ӯро медузданд ва ӯ ба корманди пулис муроҷиат мекунад ва таҳдид менамояд, ки касе дучархаи ӯро дуздидааст, ҷазо медиҳад. Аммо корманди пулис дар ҷавоби таҳдиди ӯ мегӯяд, ки ҷазо диҳӣ, аввал ҷангро бояд омӯзӣ. Ва ӯро ба толори варзишии худ даъват мекунад. Он замон қисми зиёди шогирдони ӯ барои дарёфти ҷоизаи «Дастпӯшаки тилло» мубориза мебурданд. Ҳамин тавр, зиндагии ӯ сахт ба варзиши муштзанӣ мепайвандад.
Баъди 6 ҳафтаи тамрин дар толори варзишӣ ӯ дар аввалин мусобиқаи «Чемпионҳои оянда», ки тариқи телевизион мустақим пахш мешуд, ширкат мекунад ва рақибаш Ронни О, Киффиро дар вазни 40 кг мағлуб месозад. Ҳамин тавр, дар муҳлати 2 соли оянда Клей дар сабқатҳо ширкат кардан мегирад ва соли 1956 аввалин ҷоизаи «Дастпӯшаки тиллоӣ»-ро соҳиб мегардад. Аллакай ҳангоми хатми мактаб Клей чун варишгар дар кулбораш 100 муҳориба дошт ва аз ин танҳо дар 8 набард мағлуб гашта буд.
Роҳ ба Олимпиада
Соли 1960 ӯро ҳаваси ширкат дар Олимпиада ором намегузошт. Худи ҳамин сол ӯ барои ширкат баҳри ба дастории роҳхат ба Олимпиада ба Сан–Франсиско даъват шуд ва муштзани машҳури Амрико Алан Санадсро шикаст дода, ба Олимпиада роҳ ёфт. Кассиус Клей дар давраҳои ибтидоии Олимпиада ғолиб омад ва ба давраи финалӣ расида, чемпиони Иттиоди Шӯравӣ Геннадий Шатковро мағлуб кард. Бо ҳамин Клей ғолиби бозиҳои олимпии тобистона дар Рим гардид. Бад-ин минвол, роҳи ӯ дар варзиш кушода шуд ва то ба дараҷаи «Шоҳи бокс» расид.
Беназир, аммо дар хондан сифр
Дар ин давра ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар синни 15- солагӣ ба мактаби олии Луисвелли — бонуфузтарин мактбаи сиёҳпӯстон дохил мешавад. Аммо хонданаш ниҳоят суст сурат мегирад ва ҳатто як маротиба дар синфаш мемонад. Директори мактаб Этвуд Улсон варзишгар будани ӯро медонист ва ӯро эҳтиром мекард. Маҳз ба кумаки ӯ Клей мактабро хатм кард, аммо на бо диплом, балки маълумотнома барои ширкат дар дарсҳо. Дар тамоми ҳаёташ мушкилоти хондан ӯро думболагир буд. Худаш менависад, ки «ман беназир ҳастам, аммо дар хондан сифр».
Ошноӣ бо Ислом
Соли 1959 Клей дар Чикаго бори аввал баромади пешвои «Миллати мусалмон» Элейҷи Муҳаммадро шунид. Соли 1961 дар сафари худ ба Маями ӯ ба Абдулло Раҳмон вохӯрд, ки ӯ пайравӣ Муҳаммад буд. Дар якҷоягӣ онҳо ба масҷиди маҳаллӣ рафтанд. Ин экскурсия ба рӯҳияи боксиёри ҷавон сахт таъсир расонид. «Бори аввал ман дар зиндагиам рӯҳоният ва эътиқодро ҳангоми ворид шудан ба ибодатгоҳи мусалмонон дар Маями дарк кардам», — мегуфт худи ӯ.
Баъди ин Клей мудаввом ҳафтаномаи «Муҳаммад мегӯяд»-ро мутолиа менамуд ва ба роҳбарони «Миллати мусалмон» вохӯрӣ гузаронида, дар мавриди эътиқодаш бештар андеша мекард. Соли 1961 Раҳмон дар командаи Клей фаъолият мекард ва ӯро ҳарчӣ бештар дар мавриди дини Муҳаммад мефаҳмонд. Ибтидои соли 1961 Клей ба Дейтройт сафар кард ва онҷо бо пешвои «Миллати мусалмон» Элейҷӣ Муҳаммад ва Малколм Икс ошноӣ пайдо кард, ки баъдан ин ду нафар устодони маънавии ӯ шуданд.
Табдили ном
Соли 1964 баъди ғалаба бар Листон, Клей дар саросари ҷумҳури эълон кард, ки ӯ узви «Миллати мусалмон» аст ва номи худро Кассиус Икс эълон кард. Баъди ду ҳафтаи қабули ин ном Элейҷӣ Муҳаммад ӯро Муҳаммад Алӣ эълон кард.
Муҳаммад Алӣ дар Самарқанд
12 июни соли 1978 бо даъвати комитети варзиши ИҶШС Муҳаммад Алӣ ҳамроҳи ҳамсараш Вероника ба Шӯравӣ даъват шуд. Дар фурудгоҳи Шереметево ӯро шахсони расмӣ, рӯзноманигорон ва варзишгарон пешвоз гирифтанд. Баъди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ Алӣ аз ҳукумати Шӯравӣ хоҳиш кард, то ба ӯ иҷозати боздид аз кишварҳои мусалмониро диҳанд.
Баъди дарёфти иҷозат Алӣ ва ҳамсараш аз шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан намуданд. Аз тамошои шаҳр, дидани осорхонаи Улуғбек ва ибодат дар масҷидҳои Самарқанд эҳтироми Муҳаммад Алӣ ба фарҳанги Шарқ ҳар чӣ бештар шуд. Илова бар ин, занони самарқандӣ ба китфи Муҳаммад Алӣ ҷома пӯшониданд ва миёнашро бо камарбанд баста, ба сараш тоқӣ гузоштанд. Дар ин сафар Муҳаммад Алӣ бо Леонид Брежнев, котиби авали ҳизби коммунисти СССР вохӯрд.
Чунин ситораи тобнок ва чеҳраи дурахшоне буд Муҳаммад Алӣ, ки дар осмони варзиш хеле дурахшиду рафт, аммо ҷилои он то имрӯз дар қалби мухлисон боқист.
Таҳияи
О. Соҳибзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ