Муҳаммад Шарифзода дар фестивали Париж мақоми 2-юмро соҳиб шуд

Муҳаммад Шарифзода Тоҷикистонро дар фестивали байналмилалии “Цирк завтрашнего дня” муаррифӣ кард.

Ин  фестивали байналмилалӣ  аз 24 то 27 январи соли равон дар Париж ва аз 8 то 13 феврал дар Испания баргузор гардид. Муҳаммад Шарифзода  дар ин фестивал иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Ин фестивали байналмилалии сиркӣ ҳар сол бо иштироки намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон баргузор мешавад.

Ин ягона фестивали сиркӣ дар ҷаҳон аст, ки ҳунармандони ҷавону боистеъдод имкон доранд, ки беҳтарин намоишҳои худро на танҳо ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, балки ба тамошобиноне, ки аз тамоми гӯшаву канори дунё меоянд, намоиш диҳанд.

  Муҳаммад Шарифзода зодаи шаҳри Душабе буда, Иниститути  Москва ба номи Юри Никулинро дипломи сурх хатм кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *