Муҳаммад ва Лоиқ интизори набарди навбатӣ

Ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Лоиқ Раҷабов, ки дар ташкилоти бонуфузи UFC баромад мекунанд, дар саҳифаҳои инстаграмашон бо нашри сурат хабар доданд, ки инизори набарди навбатӣ ҳастанд.

Муҳаммад Наимов чунин навиштааст:

— Интизори занги телефониям, UFC. Фарқ надорад дар куҷо, бо кӣ ва кай.

Лоиқ Раҷабов бошад чунин навишт:

— Ман интизорам.

Ҳарду варзишгарони тоҷик суханҳояшонро дар зери суратҳои вақти тамринашон нашр кардаанд. Яъне, онҳо ба муҳорибаи навбатӣ омодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов дар вазни 66 кило баромад карда, то ҳол дар ташкилоти UFC ду муҳориба ва ду ғалаба дорад. Лоиқ Раҷабов бошад, дар вазни 70 кило баромад намуда, дар ду муҳориба гузаронидааш дар яке ғолибу дар дигаре мағлуб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *