Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло 12-уми августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намудааст. Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро  бо ихтисоси  сохтмону саноатчӣ ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст. Оиладор мебошад.

Фаъолияти корӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 шуруъ карда, то ба имрӯз дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намудааст. Аз 30.10.2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №523 раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Қадршиносӣ. Аз 07.08.2018 таҳти №1081 бо медали «Хизмати шоиста»  мукофотонида шудааст.

Аз 28.08.2019 таҳти №1345 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси генерал-майори адлия дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *