Муҳаммадтақӣ Собирӣ: Эрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон маҳдудияте надорад

30 соли муносибати дипломатии Тоҷикистон ва Эрон

19 даймоҳи соли 1400 хуршедӣ баробар бо 9 январи соли 2022 мелодӣ мусодиф бо 30-мин солрӯзи барқарории робитаҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Равобити ду кишвар биношуда бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, динӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва забонӣ мебошад. Ин муносибати фархундаро ба давлату миллати азизи Тоҷикистон табрик арз менамоям.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлоли Давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе боз намуд ва ба ин тариқ равобити сиёсии ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон оғоз шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят ва барои амалӣ шудани он мушорикати фаъолу нақши муҳим ва мумтозе доштааст. Барои поён бахшидан ба даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар пешқадам шуда ва чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷиконро мизбонӣ кард.

Ҳеч кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи наздику дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст. Мақоми муъаззами раҳбарии Исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба «равобити хешовандӣ» ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои доктор Раисӣ — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишварро ба унвони мақсади аввалин сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири «гӯшту нохун» барои тавсифи пайвандҳои Эрону Тоҷикистон истифода кардаанд.

Сафарҳои расмии сарону дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун, гӯёи кӯшиши ҷиддии тарафҳо барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф будааст. Ин рӯйдодҳо уфуқҳои васеъеро барои равобити беҳтари байни ду кишвари бародар кушудааст. Аз замони барқарории равобити сиёсии ду кишвар то кунун, президентҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 бор аз Тоҷикистон дидор кардаанд ва мутақобилан Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 бор ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намудаанд.

Раисони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон низ 3 бор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Маҷлиси Олии Тоҷикистон то кунан 5 бор ба Эрон сафар кардаанд. Ҳамчунин дидорҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва дигар муқомоти баландпояи ду кишвар, ҷиҳати машваратҳои сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои мухталиф анҷом шудааст.

Дар ин боздидҳо, илова бар дидорҳо ва гуфтугӯҳои самарабахш байни ду кишвар, асноди муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ҳамлу нақл ва роҳсозӣ, тунелсозӣ, тиҷорат, телевизион ва радио имзо шудааст. Иҷрои тарҳи сохтани неругоҳи барқи обии «Сангтуда — 2»-ро метавон яке аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар арсаи энергетика ва равобити иқтисодии ду кишвар унвон кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеа ва шукӯфоии Тоҷикистони азиз дошта ва ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда ва муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», нақби «Истиқлол», иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта ва доранд.

Дар муддати 30 сол, беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.

Ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархӯрдор ҳастанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрубаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он заминаҳои аслии ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳо ва созмонҳо ва ширкатҳои ду кишвар мушаххас шудаанд, дар тавсеаи равобити дуҷониба, бахусус ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва то имрӯз 14 нишасти ин Комисся дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе баргузор шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои мантақаӣ назири Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе доранд ва аз мавқеи якдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд, ки намунаи ахири он ҳимояти Давлати Тоҷикистон аз дархости пазириши узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ки мунҷар ба тасвиби ин дархост ва шурӯъи раванди узвият дар ин созмон дар бисту якумин Иҷлоси Шӯрои сарони Шанхай дар сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд.

Ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин сафаҳоти равобити Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷрубиёт миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар маросими фарҳангӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.

Сафари таърихии ҷаноби оқои доктор Раисӣ — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 мелодӣ, ки бо истиқболи гарми мақомоти муҳтарами Давлати Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, нуқтаи атф ва оғози фасли навине дар ҳамкориҳои ҳама ҷонибаи Теҳрон ва Душанбе мебошад. Дар ҷараёни ин сафар теъдоди 8 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расид, ки бо иҷрои онҳо умедворем шоҳиди таҳаввулоти хубе дар равобити ду кишвар бошем.

Сарони ду кишвар дар мавриди тақвияту густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун табодули назар карданд. Дар ҷараёни машваратҳои президентҳои муҳтарами ду кишвар, пешниҳод шуд барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар, «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ» байни ду кишвар тадвин шавад.

Дар шароити кунунӣ таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тақозо мекунад, ки ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон беш аз гузашта дар канори якдигар буда ва бо ҳамдилӣ ва ҳамнавоӣ дар ҷиҳати тавсеаи равобити ду ҷониба талош намоянд.

Итминони комил дорем, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровону зарфиятҳои мукаммили Эрону Тоҷикистон бо луфти Худованди мутаол шоҳиди тақвияти ҳамкориҳо ва густариши рӯзафзуни равобити ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд.

Ба унвони намояндаи миллати бузурги Эрон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон менамоям, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеч маҳдудияте надорад. Дар поён моилам матлаби худро бо чакомаи зебое аз устод Низом Қосим шоири баландовозаи тоҷик ба поён расонам:

Ҷаҳони нағмаву хунё, дили тоҷику эронӣ,
Яке дунё дар ин дунё, дили тоҷику эронӣ.
Зи меҳри пок бархӯрдор, зи ишқу ошиқӣ саршор,
Ба даҳр хуфта дили бедор, дили тоҷику эронӣ.
Тиҳӣ аз гарду кин бодо, ба роҳи меҳру дин бодо,
Самое дар замин бодо, дили тоҷику эронӣ.
Хушо вораставу озод, басо дилбаставу дилшод,
Ҳаме бо фоли Ҳофиз бод, дили тоҷику эронӣ.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ,
Сафири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *