Муҳаммадюсуф Имомзода аз вазифааш озод шуд

Муҳаммадюсуф Имомзода, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз вазифаи Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё озод шуд. Номбурда дар ду соли фаъолият тавонист, ки 11 донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварро аъзои ин ассотсиатсия намояд.

Анҷумани навбатии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё 25-уми сентябри соли равон дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он намояндагони 76 муассисаи олӣ аз 9 давлати Осиё ширкат намуданд.

Канат Содиқов, ректори Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Юсуф Баласегин Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ва Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳии ошкоро ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб шудаанд.

Зимнан, дар анҷуман ҳисоботи 2-солаи ДМТ баррасӣ гардида, дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва монанди ин аз ҷониби аъзои ассотсиатсия баҳои баланд гирифтааст.

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб шуд.

Тавре дар суҳбат бо Pressa.tj аз раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, бо дастгирии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 муассисаи олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аъзои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ду соли охир Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёро собиқ ректори ДМТ ва ҳоло вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бар зимма дошт. Дар давраи Муҳаммадюсуф Имомзода 4 донишгоҳи Афғонистон, 4 донишгоҳи Ӯзбекистон, чандин донишгоҳҳои Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки дар маҷмӯъ, 28 муассисаи олиро фаро мегиранд, шомил ба ин ассотсиатсия гардиданд.

“Ин ассотсиатсия як иттиҳодияи муассисаҳои олии хориҷӣ аст. Он дар ҳамоҳанг намудани донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, барномаҳои таълимии муштарак, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон дар тамоми зинаҳои таҳсил, табодули таҷрибаи идоракунӣ дар муассисаҳои олӣ нақши муассир дорад”, — иттилоъ доданд аз ДМТ.

Ёдрас мешавем, ки Анҷумани Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ҳар ду сол як маротиба доир гардида, президент ва ноиби он аз тарафи иштирокдорон тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *