Муҳандис, вакили парлумон, ходими давлатӣ. Шукурҷон Зуҳуров 70 –сола шуд

Имрӯз, 16 апрел ходими давлатӣ ва сиёсӣ Шукурҷон Зуҳуров мавлуд дорад. Ӯ ба синни 70 даромад.

Номбурда зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

 Дар вазифаҳои муҳандис — заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, инструктор, мудири шӯъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд.

Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 — 2000). Шукурҷон Зуҳуров 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Дорандаи ҷоизаву медалҳои давлатӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *