Муҳаррири варзидаи радио Отабек Ғоибов даргузашт (аудио)
Отабек Ғоибов — рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ, муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» субҳи имрӯз даргузашт. Ӯ аз бемории дил азият мекашид.
Марҳум солиёни дароз дар радио фаъолият карда, саҳми боризе гузоштааст. Ёдовар бояд шуд, ки 10 рӯз пеш ҳамсари ӯ вафот карда буд.
Отабек Ғоибов 24-уми марти соли 1959 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соле пеш ”Барои барномаҳои радио ва мақолаҳое, ки робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии ӯзбеку тоҷикро таблиғ мекунанд”, ки Иттифоқи рӯзноманигорони Ӯзбекистон ҳар сол доир менамояд, соҳиби Ҷоизаи миллии “Олтин қалам” (Қалами тилоӣ) дар соҳаи журналистика, дипломи махсус, нишони Олтин қалам, «статуэтка» ва мукофоти пулӣ гардида буд.
Барои хизматҳои арзандааш дар радио моҳи сентябри соли равон бахшида ба 31-солагии Истиқлолии давлатӣ бо медали “Хизмати шоиста” сарафроз шуда буд.
Аҳли қалами рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти ҳамкасби худ андуҳгин буда, ба аҳли хонадон ва пайвандони эшон ҳамдардӣ баён мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ