Муҳибулло Зувайдуллозода: Хонандагони мо бо низоми байналмилалӣ таҳсил мекунанд
Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе соли 11-ум аст, ки фаъолият дорад. Низоми таълим дар инҷо дар заминаи барномаҳои Донишгоҳи Кембриҷи Оксфорд, баъзе фанҳо мувофиқи стандарти пешбининамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Муҳибулло Зувайдуллозода, директори муассисаи таълимии мазкур дар суҳбат иброз намуд, ки ҳадаф аз таъсиси он таълими хонандагонест, ки тавонанд дар донишгоҳҳои пешоҳанги ҷаҳон таҳсили худро давом диҳанд ва ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар рушди кишварамон нақши шоиста гузоранд.
Аз кадрҳои болаёқат то низоми таълими пешрафта
Ба гуфтаи Муҳибулло Зувайдуллозода, дар солҳои аввали таъсиси мактаб ва фаъолият мушкилот ҷой дошт: дастрасӣ ба китобҳои таълимӣ, кадр ва ғайра. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда бартараф гардид. Имрӯз дар мактаб низоми хуби омӯзиш барои хонандагон муҳайё мебошад. “Мушкилоти кадриро аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, дорои диди тоза аз дохили кишвар ҳал кардем. Боз тавонистем, ки омӯзгоронро аз кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Амрико, Филиппину Ҳиндустон, Покистон ва Нигерия ҷалб намоем. Ин иқдом имрӯз ҳам идома дорад. Аз оғози таъсис то имрӯз мо тавонистем дастурҳоеро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассиса гузошта шуда буданд, амалӣ созем. Бештари хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳои олии бонуфузи хориҷӣ дохил мешаванд. Дар маҷмуъ, 100 фоизи хатмкунандагони таълимгоҳ ба макотиби олии дохил ва хориҷ шомил мешаванд”,- мегӯяд директори мактаб.
Ҳоло хатмкардагони мактаб дар Швейтсария, Канада, Амрико, Олмон, Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия… таҳсил доранд. “Онҳо ҳамеша бо мо иртибот доранд. Хатмкардагони солҳои пештар аллакай дар ширкату идораҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дохилӣ кор мекунанд”,- бо хушҳолӣ изҳор мекунад муовини директор оид ба тарбия Санавбар Маликова.
Таҳсил бо забони англисӣ
Дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе хонандагон асосан фанҳоро бо забони англисӣ меомӯзанд. Дар баробари ин, бо хоҳиши волидон хонандагон имкон доранд, ки забони чинӣ, фаронсавӣ, русиро омӯзанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад. “Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф мо заминаи хуби таълимӣ ва омӯзгорони варзида дорем”,- иброз медорад Муборак Шораҳимова, омӯзгори фанни забони англисӣ. Муаллима Шораҳимова таҷрибаи беш аз чилсолаи фаъолияти омӯзгорӣ аз фанни забони англисӣ дорад. Ӯ дар муассисаҳои таълимии гуногун фаъолият карда, мегӯяд, ки шароит дар Мактаби байналмилалии Президентӣ комилан дигар аст.
“Азбаски таҳсил пурра ба забони англисӣ аст, синфхонаҳо низ бо тамоми лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Соли аввал, ки мактаб навтаъсис буд, мо дар олимпиадаҳо ҷой намегирифтем. Хушбахтона, чанд соли охир хонандагони мо дар олимпиадаҳо соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд. Аз ҳар як фан омӯзгор то 10 нафарро барои олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тайёр мекунад. Қариб ҳамаи онҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Хонандагони мо дар олимпиадаҳои Италия, Англия, Малайзия, Русия ҳам ба таври онлайн ва ҳам ҳузурӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Шогирдони ман, аз ҷумла Абдуматин Ҷалилов дар олимпиадаи фанни забони англисӣ бо гирифтани 92 хол сазовори ҷойи якум гардид”,- гуфт зимни суҳбат омӯзгор Муборак Шораҳимова.
Иштироки хонандагон дар олимпиадаи ҷаҳон
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассиса омода намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Аслан, олимпиадаҳои байналмилалӣ бо забони англисӣ сурат мегиранд. Дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” муассиса тавонистааст, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
“Тайи чанд сол аст, ки хонандагони мо дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ин фанҳо иштирок доранд ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Имсол тавонистем аз технологияи иттилоотӣ, химия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ шавем. Бар замми ин, дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ, ки ҳам тариқи ҳузурӣ ва ҳам онлайн мегузаранд, хонандагон ҷойи намоёнро ишғол намуданд”,- мегӯяд Наргис Сафолова, муовини директор оид ба олимпиада.
Имтиёз ба хонандагон
Имрӯз дар Мактаби байналмилалии Президентӣ аз тамоми қаламрави кишвар хонандагон таҳсил доранд. Чанде аз хонандагон бо тавсияи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Мактаби байналмилалалии Президентӣ таҳсил мекунанд. Онҳо ҳангоми сафари Пешвои миллат ба манотиқи гуногуни кишвар дар назди мардум баромад намуда, аз худ донишу маҳорати баланди забондонӣ ва суханварӣ нишон додаанд. Инчунин, фарзандони падару модароне, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ё берун аз кишваранд, дар ин мактаб таълим мегиранд. Зеро мактаб дорои тамоми шароит, аз ҷумла хобгоҳи замонавӣ мебошад. Ҳоло аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, бо хобгоҳ таъминанд.
Барои онҳое, ки дониш ва маҳорати баланд доранду тавсия шудаанд, таҳсил ройгон мебошад. Як қатор имтиёзҳо ҳам пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои иштирок дар ҳар як озмун, ҳатто дар олимпиадаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тахфиф ҷорӣ шудааст. Хонандае, ки дар як сол, агар дар ду-се олимпиада иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардад, маблағи таҳсилаш ба андозаи аз 30 то 70 фоиз кам мешавад. Ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори медали тилло, нуқра ва биринҷӣ мегарданд, барои ҷойҳои 3-юм 40 фоиз, 2-юм 50 фоиз, 1-ум 60 фоиз тахфиф ҷорӣ шудааст. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои минтақавӣ сазовори медалҳои нуқра, тилло ва биринҷӣ мегарданд, мутаносибан аз 30 то 50 фоиз аз ҳақи пардохти маблағи таҳсил озоданд. Инчунин, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, аз 10 то 30 фоиз аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ба муассиса мебошад.
Усмон РАҲИМЗОДА
P.S.
Видео-гузориш доир ба фаъолияти Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва суҳбат бо хонандагони фаъолро дар ютубканали Pressa.tj пайгирӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ