Муҳиддин Идизода: Маҳалгароӣ — дарди бедаво дар Тоҷикистон

Оғози матлабро мехоҳам бо бардошт аз як гуфтаи ҳикматомези журналисти соҳибқалам Шариф Ҳамдампур ҳусни оғоз бахшам: “Миллат амсоли рӯди бузургест, ки ҳар гуна неру маҷрои онро имкону тавони табдил кардан ба дигар самтро надорад, аммо маҳал ҷӯйбори кӯчакеро мемонад, ки метавон самти онро ба осонӣ ба ҳар сӯ гардонд”.

Воқеан ҳам, афродеро, ки дарди маҳалбозӣ ботинашонро заҳролуд сохтааст, аз чунин дарди касифу хабиси ин теъдод, дар маҷмӯъ, ҷомеа сироят меёбад. Аз маҳалбозиву мағалбозии теъдоде аз манфиатҷӯ ва худхоҳу бегонапарвар, замоне Ватану миллат парешон ва дар вартаи нобудӣ қарор дошт.  Маҳз ҳамин омил – МАҲАЛБОЗӢ, садҳо нафарро туъмаи худ гардонд, садҳо нафари дигар гуреза дар Ватану хориҷ аз он шуданд. Дар он лаҳзаҳои сахту мушкил, ҳар кӣ доғи ғурбату ҷудогӣ аз Ватану ёру диёр дар тану ҷон дид, ҳар лаҳза савганд ба номи Худову Ватан мехӯрд, ки ҳар порахоки Ватанро тӯтиё бар чашму дида хоҳад кард. Ҳатто теъдоде аз иғвоангезони дасисаҷӯ дар ғурбатсаро, мехостанд бо заҳри ҷудоиандозию маҳалбозӣ мардуми овораро побанди хостаҳои ғаразнокашон гардонанд, ки хурсандона тири бадхоҳиашон ҳадафи хок гашту билохира миллат ба ҳам омад…

Бо ташаббус ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистон ва дигар кишварҳо села-села ба Ватан баргаштанд, хонаву дари сӯхтаашон аз нав обод карда, рӯ оварданд ба ҳаёти осоишта. Аммо аҳримансиратҳое, ки қалбҳои сиёҳашон саршор аз бадхоҳиву кинаву кудурат буд, ҷиҳати бароварда сохтани аҳдофу мақсади шумашон дигарбора хостанд қартаи бозии маҳалро ба бозӣ дароранд… 

Фикр мекунам, дар аксар мавридҳо худи мо ҳамватанҳое, ки дар забон аз ваҳдату баробариву бародариву ягонагӣ сухан мегӯему лек чун ба хилват меравем, худро побанди маҳал карда, даст ба бадкориву бадгӯйӣ мезанем, аз чунин амалкардамон бадхоҳони миллат илҳому неру мегиранд. Ё нодуруст мегӯям? Худ қазоват кунед: Имрӯз тавре рафтору гуфтору муносибат бо ҳам дорем, ки гӯё ҳама аз як маҳаллем ё МИЛЛАТем. Аммо не, тавре дар боло ишора кардам, аксари мо дар ҷодаи тангу тори МАНу МАҲАЛ равуо дорем ва танҳо чанде аз равшанфикри ҷомеа мехоҳанд ҳамаро вориди кӯчаи рушану пурсафои МО-ю МИЛЛАТ гардонанд, ки мутаассифона, ин чиз на ҳама вақт ба онҳо даст медиҳад. Тавре мегӯянд, бо як гул баҳор намешавад, ҳарчанд он  нишонае аз баҳор аст…

Имрӯз худро зоҳиран тавре вонамуд мекунем, ки гӯё шоху навдаи дарахти маҳалгароӣ бо табар буридаем. Албатта, бо табари кунд, аммо решаҳои ин дарахти наҳс то ҳанӯз устувору побарҷоанд ва об аз амалҳои худхоҳии теъдоде аз мо маҳалгаро мехӯранд.

Билохира, маҳалбозони мағалбоз чӣ касонеанд, ки мехоҳанд дигарбора қартаи маҳалро мавриди бозии фалокатборашон қарор диҳанд? Қазияро аз берун намеҷӯям, аз бадхоҳони даруниву бетарафии ин теъдод аз манфиатхоҳ тарс дорам, ки мехоҳанд деворро ба дарун чаппа созанд… Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ки дар макотиби оливу идораву корхонаҳо ва ҳатто миёни баъзе аз рӯзноманигорон, дарди маҳал ба амсоли бемории сироятии коронавирус аксарро сироят кунонидааст. Агар қаблан мардуми одӣ дур аз маҳалбозӣ буданд, имрӯз мутаассифона, онҳоро низ ин дарди миллаткуш сироят кунонидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ агар аз паҳлавоневу дастоварди донишҷӯ ва ё устоду хизматчии давлатие ёд шавад, дар мадди аввал маҳалли ӯро ситоиш мекунанд, на миллаташро. Яъне, то ба ҳол МО МАН-ем, бо маҳалу зодгоҳамон ман-манӣ мекунему аз худ “шери наррр” метарошем…

Солҳои навадум, ки барои миллат басо соле буд хунину вазнин, миёни мардуми одӣ умуман, ки бегонапарастиву маҳалгароӣ набуд. Саркардаҳои ҳар гуна ошӯб ва қудратталабону манфиатҷӯён ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон аз беиродагии теъдоде аз ҳамватанон истифода бурда, тухми маҳалгароӣ ва худхоҳиро дар мазраи дили мардуми каммаърифату гумроҳгашта коштанд, ки дар фарҷом миллат пора-пора гашт, шикаст, аммо хушбахтона нарехт… Маъзарат, ин ҷо ба маддоҳу дигар мафҳумоти ба ин монанд айбдорам накунед, воқеиятро воқеъбинона мегӯям: Сарвари навинтихобгаштаи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун меъмор аз сари нав миллати пора-порагаштаву умедаздастдодаро сохту бунёд кард, хуни гарм гашт дар рагу пайванди миллат.  Даҳҳо нафареро, ки умуман касе онҳоро намешинохт, соҳибвазифаву соҳибному соҳибнон кард. Афсӯс, ки теъдоде хиёнат бар амонат карданд… Ҳатто Пешвои миллат дар яке аз мулоқотҳои худ бо намояндаҳои ниҳодҳои қудратӣ, онҳоро таъкид кард, ки “Як ба сурати даҳ сол пеш будаатон нигаред, ки кӣ будеду имрӯз кӣ шудед?” Фикр мекунам чунин хулосарониҳои Сарвари давлат, ки саршор аз ҳикмат асту ба дунбол гуфтаниҳои зиёде дорад, барои чунин афроди соҳибмансаби дар ғами худ ишораи хубест.

Албатта, зодгоҳу маҳаллеро, ки он ҷо кас таваллуд шудаву ба воя расидааст, дӯст  доштан гӯшае аз имон аст, аммо онро оинаи беҷило сохтану дар он танҳо худро дидан, сарчашмаи ҳама гуна бадбахтиҳову ҷудоиандозиҳо ва навмедии атрофиён мегардад. Ҷиҳати баҳамоӣ ва МО-и МИЛЛАТ шудан моро, бахусус афродеро, ки ё вазиранд ва ё вакилу дигар соҳибмансаби болонишин, бо чашми боз ба атрофу акноф нигаранд, дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат (новобаста аз маҳаллашон), ба хотири рушду шукуфоии миллат ақаллан саҳми худро гузоранд, коргоҳи худро сарчашмаи ҷамънамоии сарвату давлати худ қарор надиҳанд.

Ин ҷо боз нақшу саҳми Пешвои миллат пеши назар меояд, ки воқеан ҳам Сарвари давлат дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар ҷиҳати бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти муҳим ҳамеша саъю талош меварзанд. Аммо рушод бояд гуфт, ки сармояҳои воридгашта нооқилонаву ноодолона сарфу харҷ мегарданд. Агар ин гуфтаҳоям нодурустанд, пас чаро теъдоде аз соҳибмансабон, хеле сарватманданд, соҳиби қасру кушку мошинаҳои гаронарзишанд? Ба ин мавзӯъ албатта, хоҳам баргашт, интизор бош хонандаи азиз.

Лек, дар ин матлаб сухан атрофи ҳамчун паргор дар меҳвари маҳал гирдгаштанҳои афроде меравад, ки аз ин ҳисоб манфиат ёфтаву зиндагии пур аз карру фарр доранд. Дардовартар он аст, ки ҳатто теъдоде аз чунин маҳалгаро, фарзандонашонро низ дар ин ҷода тарбия кардаанд, ки хоҳу нохоҳ оянда онҳо низ чун заҳрпечак бар тани миллат печида, анкабутвор хуни миллат мемаканд…

Ба нафъи миллат ва эҷоди эътимоду боварӣ миёни мардум мегашт, агар соҳибмансабони соҳибимтиёзу сарватманд, бунёду сохтмони ҳар гуна иншоотро, ки аз ҷайби худ мехоҳанд дар маҳаллу зодгоҳашон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд, дар дигар маҳаллу манотиқ низ амалӣ мекарданд. Чунин амалкарди эшон пули устувори муносибот миёни мардуми кишвар мегашт…

 Бовар дорам, ки хонандаи нуктасанҷ ӯ хоҳ вазир аст ва ё хоҳ вакилу раису устоду табибу рӯзноманигору деҳқони барзгар ва ё корманди ниҳоди қудратӣ, маро хуб мефаҳманд, ки ҳадаф аз ин навиштанҳо чист. Албатта на эҷоди ғараз, на тавтеа, на дасиса, балки ҳушдорест аз оқибати нофарҷоми маҳалгароӣ, ки бегонагон онро бар зидди худи мо мавриди корбурд қарор медиҳанд. Аз боду шамоли сарду нофорами маҳалбозӣ, МИЛЛАТ амсоли барги дарахтон мерезаду зери пойи ҳар касу нокас мегардад. Алҳазар аз чунин рӯзу аз чунин амал!!!

Ғаразҷӯёну маҳалбозони миллат! Гуфтаму боз мегӯям: Муттаҳиднамоиву ваҳдатофаринӣ, сулҳпарварию баҳамоии миллатро мебояд аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Маҳз чунин хусусиёти неки Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ташкилу таъсиси давлати навбунёди тоҷикон буд, ки сулҳ пойдор гашту оташи ҷанг хомӯш ва имрӯз ҳар гӯшаи диёри Тоҷикистон шукуфо асту зебо. Пас, биёед маҳалдӯсту МИЛЛАТдӯст бошем, на маҳалбозу миллатгаро, ана дар он сурат МО (на МАН), метавонем дурри мақсуд ба даст орем.  Ё хулосаам нодуруст аст, хонандаи азиз? Қазоват аз шумо!

Муҳиддин Идизода,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *