Муҳиддини Музаффар: Синамогарони мо бояд муъҷиза офаранд 

Филми “Дов”-и режиссёри маъруфи тоҷик Муҳиддини Музаффар, ки онро муҳаққиқон падидаи ҳунарӣ арзёбӣ мекунанд, баъди сайри 18 кишвари дунё ва 25 ҷашнвораи байналмилалӣ ба Душанбе баргашт. То санаи 17-уми декабр ҳамарӯза алоқамандони синамо метавонанд ин филмро дар кинотеатри “Ватан” тамошо кунанд. Ҳамчунин, Муҳиддини Музаффар барои ду лоиҳаи ҷадиди хеш кастинг баргузор намуд.

Видеои суҳбати мазкурро дар ютюбканали pressa.tj тамошо кунед.

“Довфилм”

— Кастингатон чӣ тавр баргузор шуд?

— Барои режиссёр кастинг бисёр марҳилаи муҳим аст. Ҳамин аст, ки баъди кастинг се рӯз ман ба худ намеоям. Тасаввур кунед, дар кастинги мо беш аз 150 нафар иштирок карданд, ин 150 шахсият, 150 тақдир ва 150 истеъдод аст. Бояд ҳамаи инҳоро дар мағзи хеш фурӯ бубарӣ ва 15 нафарро интихоб намоӣ.

— Оё иштирокчиёни кастинг ҳунармандони касбӣ буданд?

— Не, аз соҳаҳои гуногун. Бештар донишҷӯёни соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон, ҳатто агрономҳову савдогарон дар кастинги мо иштирок намудаанд.

— Аз рӯзе, ки кастинг эълон кардед, калимаи киностудияи “Довфилм” пайдо шуд. Ин чӣ ташкилот аст? Идеяи ташкили он аз куҷо пайдо шуд?

— Ин киностудияи ғайридавлатиест, ки аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Ҳадафаш сохтани филмҳои хуб, кӯшиш кардану талош кардан барои сохтани фазои озоди синамо дар кишвар аст.

— Шумо аз ибтидои фаъолиятатон мехоҳед дар Тоҷикистон фазои синамоӣ бисозед. Яке аз қадамҳои муҳими шумо дар ин самт “Суғдсинамо” буд. Акнун, баъд аз таъсиси “Довфилм” тақдири он чӣ мешавад?

— Ҳадафи мо сохтани филмҳои хуб ва сохтани фазо буд. Дар муддати 8 соли роҳбарии мо “Суғдсинамо” аз сифр оғоз шуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Ба андешаи ман, одам пайваста дар якҷо кор кунад, он қадар хуб нест. Ман аз роҳбарии ин киностудия рафтам, вале ҳамкориро бо он давом медиҳам. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дастгирии ҳамаҷониба арзи сипос менамоям.

— Ҳоло тақдири “Суғдсинамо” чӣ мешавад?

— Киностудия ба кори хеш идома медиҳад. Ман ба он хотир ба Душанбе омадам, ки бо муҳити эҷодии пойтахт наздик бошам. Дар бораи таъсиси як киностудияи хусусӣ чанд сол боз фикр мекардам. Замонаш фаро расид. Номи ин киностудия, яъне “Довфилм” аз номи филм аст. Ин пешниҳодро коргардони ҷавон Зарифҷон доданд. Ба гуфтаи он кас, дар таърих бисёр будааст, ки номи филмҳо ба киностудия гузошта шавад. Ин идея барои ман писанд омад ва онро қабул кардам. Умуман филми “Дов” як филми калидӣ дар сарнавишти эҷодии ман аст.

Мактаби Валерий Аҳадов

— “Дов” то имрӯз ба чанд давлат рафт?

— 18 давлат рафт ва ҳанӯз сафарҳояш дар пеш аст. 25 ҷашнвора ва 18 ҷоизаи байналмилалиро соҳиб гашт.

— “Дов” дар эҷодиёти шумо гардиши куллӣ аст. Инро худ чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

— Ин таъсири устоди азизам Валерий Аҳадов аст. Ман соли 2009 Донишкадаи санъатро хатм карда будам ва аз ҳамон сол орзу доштам, ки ба ВГИК — Институти олии кинематография дохил шавам. Ягон рӯзе, ягон соате набуд, ки ман дар ин бора фикр накунам, вале шароит набуд. Баъд аз 10 сол, соли 2019 бахт ба рӯям хандид ва ман донишҷӯйи ВГИК шудам. Вақти рафтан устод Валерий Аҳадов гуфтанд, ки ту аллакай коргардонӣ, барои ту ВГИК чӣ лозим? Ман гуфтам, ки барои ман назарияи синамо муҳим аст. Муҳити касбии Русия, муҳити киносутияҳое, ки бо стандартҳои ҷаҳонӣ кор мекунанд ва монанди инро омӯхтан мехоҳам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар он ҷо бештар тамаркузам ба назария буд. Бо устод Валерий Аҳадов шабу рӯз суҳбат мекардем. Ҳамин аст, ки ман ба синамо бо диди нав менигаристагӣ шудам.

Муъҷиза вақте мешавад, ки…

— Оё интизориҳои шумо аз филми “Дов” бароварда шуд?

— Бале. Ин филме аст, ки мо исбот кардем, ки метавонем синамои касбиро бисозем. Дар фазои Русия мутахассисон бовар карданд, ки Тоҷикистон низ метавонад филмҳои хубро ба навор бигирад. Ман намегӯям, ки пеш аз “Дов” набуд, буд албатта. Вале бори аввал аст, ки як филми тоҷикӣ дар 7 ҷашнвораи Русия иштирок кард. Ҷашнвораи аз ҳама бузург — “Ялта” бо филми “Дов” кушода шуд. Барои ман ин чиз афсона аст. Ин эътирофи синамои тоҷик мебошад. Дар бораи ин филм дар Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ню Йорк, Аврупо, Корея мақолаҳо чоп шуд.

— Вале ба ёдам ҳаст, ки дар оғоз “Дов” дар Тоҷикистон тамошобини зиёд надошт…

— Бале. Дар оғоз хело нигаронкунанда буд, вале баъдан ба он таваҷҷуҳ шуд. Ба туфайли ҷашнвораи “Тоҷи сомон” ҳукумати кишвар низ ба ин филм таваҷҷуҳ намуд. Мактубҳо навишта шуд, филм дар чандин ҷо намоиш дода шуд. Рӯзе бо соҳибкоре дар мавриди қадр накардани филм аз ҷониби тамошобин суҳбат доштам. Ӯ ҷумлаи аҷибе гуфт, ки бисёр писандам омад. Гуфт: “Коргардонҳо бояд муъҷиза офаранд”. Мо бо як филм наметавонем номдор шавему муъҷиза офарем. Вале муъҷиза офаридани мо ба тамошобин низ вобаста аст. Ҳар фарди тоҷик бояд дар барномаи зиндагиаш ҳафтае як бор, ё моҳе як бор тамошои филмҳоро ворид созад. Бо аҳли хонавода ба тамошои филмҳо оянд.

— Имрӯз, шукри Худо, вазъи зиндагии мардуми мо хуб аст, махсусан, дар пойтахти кишвар. Супермаркетҳову тарабхонаҳо пур-пури одам, вале чаро рафтан ба синамову театр расм нест?

— Афсӯс, ки дар солҳои 90-ум ин анъана аз барномаи зиндагии мардуми мо берун рафт. Барои муҳити синамоӣ ё театрӣ сохтан бояд даҳсолаҳо талош кард. Ин корест, ки бояд дар партаи мактабӣ ба мо омӯзонида шавад.

— Вале чанд сол қабл Вазорати маорифи кишвар бурдани мактаббачагонро ба театрҳо ва намоиши филмҳо манъ карда буд, зеро волидайн аз он ки фарзандонашон ба театр мераванд, норозигӣ карда буданд.

Вале Вазорат мактабҳоро аз тамошои филмҳои кӯчагӣ манъ карда аст. Мо вақте корро оғоз кардем, ба ҳамаи вазоратҳо мактуб омода карда, ҳамроҳаш дар як флешдиски 32 Гб тамоми корҳоямонро ҳам  ирсол намудем. Бубинед, таваҷҷуҳи шуморо ба як нукта ҷалб мекунам. Дар Қазоқистон ҳамасола бозори филм баргузор мегардад. Имсол ман аз Тоҷикистон рафта, филми “Дов”-ро ба фурӯш гузоштам. Дар ин бозор ман таваҷҷуҳ кардам, ки солҳои охир бештар аз ҳаёти варзишгарон филм гирифта мешавад. Магар мо наметавонем аз ҳаёти Дилшод Назаров филм ба навор гирем. Инро ба назар гирифта, ба раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш мактуб равон кардем. Бубинед, вақте мо ҷавононро барои хизмати ҳарбӣ даъват мекунем, вале чаро филмҳои ватандӯстӣ наофарем? Чаро аз ҳаёти сарбозон филм ба навор нагирем? Ё аз ҳаёти табибон. Ман инҳоро ба назар гирифта, ба идораҳои дахлдор мактуб фиристодам.

— Оё то ҳол ба мактубҳоятон ҷавоб омад?

— Не ҳоло, интизорем. 

“Моҳӣ дар шаст”

— Муҳиддин, ҳозир шумо киностудияи шахсии худро фаъол кардед. Аз киҳо ва аз куҷо умедвор ҳастед, ки шуморо сарпарастӣ мекунанд?

— Аввалаш аз Худованди бузург умед дорам. Ягон меҳнат бесамар намемонад. Баъдан, боз ҳам кӯшиш мекунем, мисли пешина. Замонаш фаро расидааст, ки синамои тоҷик рушд кунад. Мо ҳозир ду лоиҳа дорем ва баргузории кастинг ҳам ба ҳамин хотир буд. Якуним сол аст, ки болои ин лоиҳа кор кардем. Номи он “Моҳӣ дар шаст” аст. Продюссери ин лоҳа аз “Мосфилм”-и Москва Дмитрий Пиркулов аст. Ҳамчунин, мо бо “И филм”-и Эрон низ ҳамкорӣ мекунем.

— Сабти ин филмро кай оғоз мекунед?

— Моҳҳои апрел ва май.

— Ман барои шумо барор мехоҳам.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *