Муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии соли 2019

Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019

Дар оғози соли 2019, аз 5-уми январ то 2-юми феврал, даври финалии Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 дар 4 шаҳри Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Дар мавсими 17-уми ин мусобиқа бори аввал 24 даста ширкат карданд. Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (ба ҳайси мизбон), Эрон, Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Чин, Сурия, ӯзбекистон, Ироқ, Қатар, Таиланд, Қирғизистон, Лубнон, Фаластин, Уммон, Ҳиндустон, Ветнам Кореяи Шимолӣ, Филиппин, Баҳрайн, Урдун, Яман ва Туркманистон иштирок карданд. Мусобиқа бо ғалабаи дастаи мунтахаби Қатар, ки дар финал Ҷопонро бо натиҷаи  3:1 шикаст дод, ба анҷом расид.

Мусобиқаи «Чор миллат» дар Қатар

Дар Давҳаи Қатар мусобиқаи байналмилалии футболи “Чор миллат” баргузор гардид, ки дар он 21-уми январ дастаи олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии мураббии бухороӣ Усмон Тошев ғолиб омад. Дастаи кишвари мо бар дастаи Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) ғалаба кард ва аз дастаи Кувайт шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, дастаи олимпии Тоҷикистон аз нуҳ имтиёзи имконпазир 6 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” гардид.

Футбол: “Ҷоми пешрафт-2019”

Дар Минск мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар қатори шаш дастаи беҳтарин ҷой гирифт. Наврасони Тоҷикистон 5 бозӣ гузаронданд, ки 2 ғалаба, 2 шикаст ва 1 мусовӣ доштанд. Дар даври гурӯҳӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Финландия ғалаба (2:0), бо Белгия мусовӣ (1:1) карда, аз дастаи мизбон – Беларус мағлуб шуданд (0:5). Дар бозии плей-офф шогирдони Зайниддин Раҳимов  тавассути силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бар Булғористон (4:3) пирӯз шуданд.

Универсиадаи ҷаҳонии зимистона-2019

2-юми март маросими кушодашавии Универсиадаи ҷаҳонии зимистона-2019 доир гардид, ки бори аввал дар таърих дар Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар бозиҳо донишҷӯёни варзишгари 58 кишвар иштирок карданд, ки шумораи рекордӣ дар таърихи Универсиадаи зимистона мебошад. Русия 293 варзишгар, Швейтсария — 99, Чин — 79 варзишгар ва Исландияву Мексика аз 1 нафарӣ намоянда доштанд. Бозиҳои донишҷӯён  то 12-уми март, ба муддати 11 рӯз идома ёфта, варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 4 варзишгар (Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров) иштирок карданд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020-U-23

26-уми март дар қитъаи Осиё бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни ҷавонони то 23-сола ҷамъбаст шуд. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи ”F”-и мусобиқот буд, дар бозии аввал дастаи Ҳиндустонро бо натиҷаи 2:0 шикаст дод ва бозии охирини худро бо дастаи мунтахаби олимпии ӯзбекистон бо ҳисоби 0:0 мусовӣ кард. Дастаи ӯзбекистон, ки дар бозӣ бо Ҳиндустон бо натиҷаи бузургтар (3:0) пирӯз омада буд, дар ҷадвал якум шуд.

Мусобиқаи ҷудои Gran Prix Antalya 2019

5-7-уми апрел дар Анталияи Туркия мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Gran Prix Antalya 2019” баргузор шуд, ки дар он 479 варзишгар (291 мард, 188 зан) аз 75 кишвари дунё ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ ҷои 28-умро гирифт. Гурҷистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввал, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд. Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён сазовори медали биринҷӣ гардид.

Интихоби президенти КФО

Шайх Салмон ибни Иброҳим Ал-Халифа боз ҳам ба вазифаи президенти Конфедератсияи футболи Осиё интихоб шуд. Интихоби президенти ин ниҳод дар кунгураи КФО, ки рӯзи 2-юми авпрел дар Куала-Лумпур баргузор гардид, сурат гирифт. Шайх Салмон ибни Иброҳим Ал-Халифа-и 51-сола аз соли 2013 роҳбари КФО аст ва ҳамакнун то соли 2023 дар ин вазифа хоҳад монд. ӯ ҳамчунин ноиби аввали президенти FIFA аз Осиё аст. Дар Кунгураи КФО ноиби президент ва узви Кумитаи иҷроия ва Шӯрои КФО низ интихоб шуданд.

Чемпонати ҷаҳонии хоккей-2019

Дар Словакия Чемпионати ҷаҳонии хоккей баргузор шуд, ки бо пирӯзии дастаи мунтахаби Финляндия ба анҷом расид. Дар финал Финляндия дастаи мунтахаби Канадаро бо натиҷаи 3:1 мағлуб кард. Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби Русия ва кишвари Чех мубориза бурданд, ки русҳо бо буллит бо натиҷаи 3:2 ғалаба карданд. Дастаи мунтахаби Русия дар нимфинал маҳз аз дастаи Финляндия мағлуб шуда буд, ки ин бозӣ бо натиҷаи 1:0 ба нафъи финҳо анҷом ёфт.

Финали Лигаи футболи Аврупо-2019

24-уми май дар Бокуи Озарбойҷон бо ширкати ду дастаи англисӣ — «Челсӣ» ва «Арсенал» финали Лигаи футболи Аврупо-2019 баргузор шуд. Бозигари маъруфи армании «Арсенал» Ҳенрих Мхитарян дар ин бозӣ ширкат накард. ӯ, ба далели он ки кишвараш бо Озарбойҷон хусумати сиёсӣ дорад, аз сафар ба Боку худдорӣ кард. Вохӯрӣ бо натиҷаи 4:1 бар нафъи «Челсӣ» ба анҷом расид.

Финали Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо-2019

1-уми июн дар Мадриди Испания финали Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо баргузор гардид. Дар он ду дастаи англисӣ – «Ливерпул» ва «Тоттенҳэм» ширкат карданд. Бозӣ бо натиҷаи 2:0 бар нафъи «Ливерпул» ба охир расид. Чизе, ки дар ин бозӣ аксарият умедвор буданд, рух дод ва сармураббӣ Юрген Клопп оқибат соҳиби ин ҷому ин унвон шуд. То ин дам ӯ ду бор дар финали Лигаи чемпионҳо ва як бор дар финали Лигаи Аврупо ширкат кардааст.

Лигаи футболи миллатҳои Аврупо-2019

Аз 5-ум то 9-уми июн Лигаи футболи миллатҳои Аврупо баргузор шуд.Лигаи миллатҳои Аврупо мусобиқаи навест, ки аслан ба ҷойи вохӯриҳои дӯстона роҳандозӣ шудааст, аммо ғолиби он соҳиби роҳхат ба даври гурӯҳии Евро-2020 мешавад. Финали Лигаи миллатҳо миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Нидерланд баргузор шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Драгау”-и шаҳри Порту баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзии Португалия хотима ёфт.

Ҷоми футболи Амрико-2019

«Ҷоми футболи Амрико-2019» дар Бразилия бо иштироки дастаҳои кишварҳои ин қора ва ду дастаи меҳмон аз Осиё – Ҷопон ва Қатар баргузор шуд. Чор даста – Бразилия, Аргентина, Чилӣ ва Перу ба нимфинал роҳ ёфтанд. Аргентина дар нимфинал аз Бразилия мағлуб шуд ва Чилӣ аз Перу шикаст хӯрд. Аргентина ва Чили барои ҷойи сеюм мубориза бурданд ва аввалӣ бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардид. Дар финал дастаҳои Бразилия ва Перу мубориза бурданд. Ин бозӣ бо натиҷаи 3:1 бар нафъи бразилиҳо хотима ёфт

Ҷоми футболи КОНКАКАФ-2019

Дар Ҷоми футболи КОНКАКАФ дастаҳои узви Конфедаритсияи Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва кишварҳои соҳили баҳри Кариб ширкат карданд. Финали ин мусобиқа бо ширкати дастаҳои ИМА (мизбон) ва Мексика дар Чикаго баргузор шуд ва бо натиҷаи 0:1 бар нафъи мексикоиҳо анҷом ёфт. Дастаҳои Мексика ва ИМА шаш маротиба дар финали ин мусобиқа бо ҳам бозӣ кардаанд, ки мексикоиҳо панҷ маротиба ғолиб омадаанд. Ин пирӯзии 11-уми Мексика дар «Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ» аст.

Ҷоми футболи миллатҳои Африқо-2019

Мавсими 32-юми даври финалии Ҷоми футболи миллатҳои Африқо-2019 аз 21-уми июн то 19-уми июл дар Миср баргузор шуд, ки дар он 24 дастаи беҳтарини мунтахаби ин қора ширкат карданд. Дастаи мунтахаби Камерун, ки чемпиони мавсими гузашта буд, натавонист, унвонро ҳифз кунад. Дар финал Сенегал бо Алҷазоир бозӣ карданд, ки бо пирӯзии (0:1) Алҷазоир ба охир расид. Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби Тунис ва Нигерия мубориза бурданд, ки дуюмӣ бо натиҷаи 1:0 дастболо гардид.

Чемпионати футболи CAFA-2019-U-16

Дар ин мусобиқа, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд, дастаҳои футболбозони 16-солаи Эрон, ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат карданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 имтиёз ғолиби Чемпионати CAFA-2019 (U-16) шуд. Ҷои дуюмро бо 10 хол футболбозони Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро бо 9 хол футболбозони Эрон ба даст оварданд.

Набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Порйе

7-уми сентябр барои мухлисони набарди беқоида рӯзи диданӣ буд. Набарди  Ҳабиб Нурмуҳамадов ва Дастин Порйе дар вазни сабук то 3 раунд идома кард ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ин раунд ҳарифашро бо роҳи буғӣ кардан шикаст дода, унвонашро дар UFC ҳифз кард. Ҳамон шаб ҷавонони зиёди тоҷикистонӣ ба кӯчаҳои пойтахт рехтанд ва роҳҳоро банд карда, бо сару садо аз пирӯзии ин варзигар ҷашн гирифтанд.

Чемпионати самбои Осиё

Аз 13 то 15-уми сентябр дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Чемпионати самбои Осиё миёни наврасон, ҷавонон, бузургсолон ва самбои размӣ миёни мардҳо баргузор шуд, ки варзишгарони Тоҷикистон ба комёбиҳо ноил шуданд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 кишвари қора иштирок карданд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 1 нуқра, 7 биринҷӣ мушарраф шуданд.

IAAF Русияро таҳрим кард

Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзишӣ (IAAF) бори дигар таҳримро алайҳи Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук (ВФЛА) дароз кард. Дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар варзишгарони Русия бори дигар чун бетараф баромад хоҳанд кард.

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар Марокаш

Нимаи дуюми моҳи октябр дар Марокаш Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон баргузор шуд. Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар ин мусобиқа унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон ба даст овард. Медалҳои биринҷиро дар вазни -73кг Эдуардо Мелла аз Италия ва Виктор Стерпу аз Молдова ба даст оварданд. Дар ин чемпионат 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 кишвар иштирок карданд.

Чемпионати ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 17-сола

Охири моҳи октябр дар Бразилия Чемпионати ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 17-сола баргузор шуд. Дар он 24 дастаи беҳтарини дунё ширкат карданд, ки дастаи наврасони Тоҷикистон аз он ҷумла буд. Наврасони тоҷик аввал ба Камерун ғолиб (1:0) омаданд, сипас аз дастаҳои Испания (1:5) ва Аргентина (1:3) шикаст хӯрданд. Дар финали ин мусобиқа Бразилия бо Мексика бозӣ кард ва бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Барои ҷойи сеюм дастаҳои Нидерланд ва Фаронса мубориза бурданд, ки дуюмӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. 

Финали Лигаи чемпионҳои футболи Осиё

Клуби футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ғолиби Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (AFC) гардид. Ин даста дар ду бозӣ бар дастаи ҷопонии «Урава Ред Даймондс» пирӯзӣ ба даст овард. Бозии якум дар Арабистон бо натиҷаи 1:0 ва вохӯрии ҷавобӣ дар Ҷопон бо ҳисоби 2:0 бар нафъи арабҳо ба анҷом расид. «Ал-Ҳилол» аз шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ маротибаи сеюм дар таърихи худ ғолиби Лигаи чемпионҳои AFC гардид. Аз ин пеш «Ал-Ҳилол» солҳои 1991 ва 2000-ум дар ин мусобиқаи пурнуфузи қитъавӣ пирӯз шудааст.

Мусобиқаи ҷудои Osaka Grand Slam 2019

Дар «Osaka Grand Slam 2019» – мусобиқаи ҷудо, ки аз 22 то 24-уми ноябр дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд, варзишгарони Ҷопон медалҳои бештар ба даст оварданд. Соҳибони мусобиқа 11 тилло, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ, дар ҷамъ 34 медалро соҳиб шуданд. Фаронса ва Русия думедалӣ (як тилло ва як биринҷӣ) гирифтанду зинаҳои баъдиро аз худ карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ, ки онро Сомон Маҳмадбеков ба даст овард, дар байни 87 кишвари иштирокчӣ зинаи 17-умро соҳиб шуд.

WADA Русияро аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳрум кард

9-уми декабр Кумитаи иҷроияи Агентии умумиҷаҳонии зидди допинг (WADA) тавсияҳои кумитаи худро дар бораи ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи варзиши Русия якдилона қабул кард. Ин кишвар аз ҳуқуқи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дархост барои онҳо дар давоми 4 сол маҳрум карда шуд. Варзишгарон аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон маҳрум карда шуданд. Ба варзишгароне, ки «пок» будани худро исбот кардаанд, иҷозат ҳаст, ки зери парчами бетараф ва бе иҷрои суруди миллӣ баромад кунанд. WADA, инчунин, хизматчиёни давлатии Русия, роҳбарияти Кумитаи олимпӣ  ва Кумитаи паралимпии Русияро аз ҳаққи чорсолаи боздид аз чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ маҳрум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *