Муҳлат 1 моҳ. Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз аттестатсия мегузаранд
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, ки на ба шумораи лоиҳаҳои қонунҳо, балки ба мазмун ва сифати онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
“Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки барои интихоб ва ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавону болаёқат ва донандагони забонҳои хориҷӣ ҳарчи зудтар озмуни интихоби кадрҳоро эълон карда, қабул ва ҷобаҷогузории онҳо тибқи тартиби муқарраргардида роҳандозӣ карда шавад”, — изҳор дошт Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Ӯ ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дод, ки бо мақсади муайян намудан ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони Дастгоҳ аттестатсияи навбатӣ гузаронида, барои аз нав ҷо ба ҷо кардани кадрҳо дар муддати як моҳ пешниҳодҳои асоснок манзур намояд.
“Омӯзиши вазъи таъмини хизматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ, итилоотӣ ва молиявию техникии Маҷлиси миллӣ собит менамояд, ки барои мукаммал гардонидани низом ва фаъолияти сохторҳо зарурати дар шакли нав таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш омадааст”, — илова намуд ӯ.
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар муддати ду моҳ санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар таҳрири нав таҳия ва барои қабул пешниҳод карда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ