Муҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо тамдид гардид

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022 бақайдгирии дубораи симкортҳо барои шиносномаҳои ID-корт то 15 феврали соли 2023 тамдид карда шуд.

Бино бар иттилои муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев,  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд мегирифтанд.

Мавсуф гуфт, ки «дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазору 345 симкорт бо шиносномаҳои ID-корт ба қайд гирифта шуда, беш аз 2 млн симкорт дар ҳолати азнавбақайдгирӣ қарор доранд. Аз он симкортҳое, ки то ҳол аз қайд гузаронида нашудаанд, 1,8 млн фаъоланд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *