Муҳлати карантини бозорҳо то охори моҳ тамдид гардид

Бо қарори шаҳрдори шаҳри Душанбе муҳлати дизенфексия ваё карантини бозорҳои фурӯши либоси пойтахт то 31 май тамдид карда шуд. Дар ин бора «Asia-Plus» хабар медиҳад.

Тавре манбаъ дар такя ба дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки қарор буд бозорҳои либосфурӯшии пойтахт аз 30 апрел то 10 май баста мешуданд, аммо бо хуруҷи бештари каронавирус дар кишвар муҳлати қатъи фаъолияти бозорҳо то охири моҳ тамдид карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *