Муҳлати раводид дар Ӯзбекистон боз тамдид гардид

Мӯҳлати раводиди шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ӯзбекистон қарор доранд, ба таври худкор то 1 ноябри соли ҷорӣ дароз карда мешавад.

Шахсоне, ки мӯҳлати раводидашон ба итмом расидаанд, ба ҳеҷ гуна ҷарима метавонанд то муҳлати зикргардида дар ин кишвар зиндагӣ намоянд. Дар ин бора Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон хабар додааст.

Бояд гуфт, ки Ӯзбакистон шуруъ аз 16-уми март иртиботи ҳавоӣ ва роҳҳои заминиро бо кишварҳои хориҷ қатъ кардааст. Аз он вақт инҷониб, шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар қарор доштан муҳлати раводиташон якчанд маротиба тамдид карда шуданд. Аз ҷумла 10-апрел то 5-май аз 1- июн то 1-август ва акнун ин раводит ҳамакнун то 1-уми ноябр тамдид карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *