Муҳоҷирҷанг. Чаро узбекҳо бо тоҷикҳо созиш накарданд?

Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Краснодар байни гурӯҳи муҳоҷирон занозанӣ ба амал омад.

Наворӣ ин ҳодиса  рӯзи 25 ноябр дар шабакаи телеграми Поздняков 3.0 пайдо шудааст. Муаллифи ин матлаб бо истинод менависад, ки дар навор “Узбекҳо ва тоҷикон” аз дастаҳои гуногун кранро байни худ тақсим накардаанд аз ин рӯ байни онҳо муноқиша бархостааст.

Гуфта нашудааст, ки муноқиша дар маҳалли сохтмони кадом иншоот рух додааст. Вале аз сабаби он ки дар ин шаҳр аксар муҳоҷирони тоҷик ва узбек кор мекунанд, эҳтимол дорад занозанӣ байни онҳо рух дода бошад.

“Бар асоси навори видеоие, ки дар интернет пайдо шуд, пулиси шаҳри Краснодар ҳоло барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса, аз ҷумла ҳуввияти иштирокчиёни занозанӣ тафтишот оғоз кардааст», —Дар ин бора аз дафтари матбуоти ВКД Русия хабар додаанд.

Пас аз мурофиа маълум мешавад, ки муҳоҷиронро  чӣ ҷазо интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *