Муҳоҷир биё, ки иқтисод касод шуд!

Пандемеяи коронавирус  ба иқтисодиёти ҷаҳон зарбаи ҷиддӣ зад. Айни замон аксари кишварҳо гирифтори буҳрони иқтисодию  иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳатто равонӣ ҳастанд.

Кишварҳое мисли Русия, ки бешатр аз меҳнати муҳоҷирон истифода мебурданд, аз сабаби баста будани марзҳо ба мушкилоти бештаре мувоҷеҳ гардиданд. Онҳо наметавонанд коргарони худро аз кишварҳои дастраскунандаи коргар баргардонанд ва маҷбуранд ё истеҳсолотро кам кунанд ё ба умеди коргарони маҳаллӣ шаванд,ки табиист, онҳо кори сангини муҳоҷиронро  иҷро намекунанд. Роҳи ҳал кадом аст? Дар зер чанд андешаи мутахассисон ва сиёсатмадорони русро меорем,ки кишвари асосии муҳоҷирати тоҷикон аст.

Эҳтиёҷ ба муҳоҷирон

Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия ба “Российская газета” гуфтааст: “Солҳои охир дар Русия ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 миллион муҳоҷир кор мекарданд. Ҳеҷ гоҳ омори дақиқ набуд. Маълумот дар асоси шумораи бақайдгирии муҳоҷират гирифта мешавад. Тақрибан 5 миллион муҳоҷир дар Русия муқимӣ  шуданд, шиноснома гирифтанд. Аз нуқтаи назари мақомот онҳо рус ҳастанд ва аз нуқтаи назари иқтисод, онҳо ҳамон муҳоҷиронанд, ҳарчанд шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо низ акнун барои худ чун русҳо коре мекобанд, ки ба қавле “зери чанг намонанд”. Бинобар ин, мо муҳтоҷи муҳоҷирони мавсимӣ мебошем.

Умедвории сафир

Игор Лякин –Фролов, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба хабарнигори “Аргументы и факты» дар ин бора мегӯяд: “Ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавзӯи хеле муҳим дар соҳаи манфиатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо мебошад. Мо дарки возеҳ дорем, ки ҳамкорӣ дар ин самт бо Тоҷикистон дарозмуддат аст ва барои ҳар ду ҷониб судбахш мебошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ роҳест дуҷониба. Ҳамкорӣ дар ин самт ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки  асъор  ба даст орад ва сатҳи зиндагии аксари оилаҳои тоҷикро баландтар кунад. Дар ҳоле ки Русия камбуди захираҳои меҳнатї дорад,имсол, дар робита бо пандемияи сирояти нави коронавирус, аксари кишварҳо марзҳои худро бастанд ва робитаҳоро қатъ карданд. Ҳамзамон, Ҳукумати Русия вазнинии вазъро дарк карда, як қатор чораҳо андешид, ки ба дастгирии коргарони хориҷӣ, ки гаравгони пандемия шудаанд, равона карда шудааст. Солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия мунтазам меафзояд. Теъдоди онҳое, ки дар соли 2019 ба Русия рафтаанд, 1 миллиону 211 ҳазор нафарро ташкил додааст”.  Аммо, тасмими тарафҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи қатъи парвозҳои мунтазами мутақобила ва инчунин баста шудани марзҳои давлатӣ дар шароити паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон, ба ҷараёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чӣ ба Русия ва чӣ ба кишварҳои ҳамсоя таъсири назаррас расонд. Ин вазъ ба нишондиҳандаи миқдории муҳоҷирати меҳнатӣ таъсир кард, яъне ба  кам шудани он оварда расонд.

 Иқрори муовини Сарвазир

Муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи Ҳукумати Русия изҳор намуд, ки вақтҳои охир дар Русия бо захираҳои меҳнатӣ мушкилоти калон ба вуҷуд омадааст, 1,5 миллион муҳоҷирон аз кишвар хориҷ шуданд. “Мутаассифона, то ҳол мо бидуни муҳоҷирон фаъолият карда  наметавонем. Аммо норасоии қувваи корӣ  барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат майдон  фароҳам меорад”. Ба гуфти ӯ,  агар дар аввали сол музди миёнаи бинокорон дар кишвар тақрибан 50 ҳазор рублро ташкил медод, ҳоло он ба 80-90 ҳазор рубл мерасад. Тавре  масъулин иқрор шуданд, ин бенатиҷа аст ва  роҳи ҳалли мушкилоти соҳа танҳо муҳоҷиронанд.

Муҳоҷирони ивазнашаванда

Тавре ки  пажӯҳишгари масоили муҳоҷират Евгений Варшавер мегӯяд,  агар ба шумораи бекорон дар Русия назар андозед, шояд чунин тасаввуре пайдо шавад, ки онҳо метавонанд муҳоҷиронро иваз кунанд. “Ҳамеша талабот ба қувваи кории камихтисос вуҷуд дорад, аммо бояд дар ёд дошта бошед, ки русҳо кори ба обрӯ мекобанд ва аксаран  бекор мемонанд, зиёда аз он, кумакпулӣ барои бекорӣ аксар вақт ҳамчун як намуди даромади иловагӣ барои онҳост ва ҳаргиз кори муҳоҷиронро карда наметавонанд”, — шарҳ медиҳад  ин мутахассис. Ба гуфтаи ӯ, вазъе эҷод мешавад, ки муҳоҷирон айни замон ивазнашавандаанд.

Тавсияи Жириновский

Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки ба Русия баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бинобар хурӯҷи коронавирус ба ватанашон рафтаанд, маҳдуд карда шавад. Сиёсатмадор ин гуфтаҳои худро бо он асоснок кард, ки  пас аз лағви маҳдудиятҳо шояд шумораи зиёди русҳои бекор дар ин кишвар пайдо шаванд. Жириновский ба сокинони Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки дар хона кор кунанд ва меваву сабзавот парвариш намоянд. Русия, ба гуфтаи Жириновский, метавонад ин молҳоро дар ҳаҷми калон ва бар асоси пардохти пешакӣ харидорӣ кунад.

Аммо…

Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус вуруди тақрибан 460 шаҳрванди Тоҷикистонро ба кишвар ба таъхир гузошт. “Қаблан Шӯро иҷозаи вуруд ба муҳоҷиронро, ки аз корфармоёнашон дар Русия даъватномаи расмӣ мегирифтанд, иҷозат дод. Аммо бинобар шиддат гирифтани вазъи эпидемия дар кишвар, омадани онҳо то беҳтар шудани вазъ мавқуф гузошта шуд”, — гуфтааст як манбаъ аз ин ниҳод. Тақрибан 7000 муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз корфармоёни Русия пешниҳодҳои кор дарёфт кардаанд. Аммо, то имрӯз танҳо 462 нафар аз Шӯрои ҳамоҳангсоз иҷозатнома гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳазорҳо муҳоҷирон дар Тоҷикистон мунтазири ифтитоҳи марзҳои Русия мебошанд. Ҳар сол, тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан як миллион ва тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, тақрибан ду миллион муҳоҷири тоҷик ба Русия мераванд. Роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия аз моҳи марти соли равон бинобар пандемияи COVID-19 баста шуданд. Ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар танҳо парвозҳои якҷонибаи содиротӣ анҷом медиҳанд. Танҳо шаҳрвандони Русия ё шахсоне, ки иҷозати махсус барои вуруд ба Федератсияи Русияро гирифтаанд, тавассути ҳавопаймоҳо аз қаламрави Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Таҳияи А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *