Муҳоҷир, эҳтиёт шав! Паҳншавии зукоми хук дар 74 минтақаи Русия

— Мутахассисони бахши тандурустии Русия дар 74 минтақаи ин кишвар паҳншавии зукоми хукро ба қайд гирифтанд,- иттилоъ додааст хадамоти матбуоти “Роспотребнадзор”.

«Дар сохтори вирусҳои ғайризукомӣ ҳиссаи зиёд миёни риновирусҳо (13,3%), вирусҳои РС (12,0%), метапневмовирусҳо (10,1%), аденовирусҳо (7,2%) баландтарин боқӣ мемонад. Зукоми хукӣ аллакай дар 74 минтақаи Русия сабт шудааст»,- иттилоъ додааст “Роспотребнадзор”-и Русия.

Дар охири моҳи ноябр вазири тандурустӣ Михаил Мурашко қайд кард, ки зукоми хук (H1N1) имсол ба таври густарда паҳн мешавад ва аз сокинон хоҳиш намуд, то ба ваксинагирӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Вай таъкид кард, ки афроде, ки то ҳол алайҳи зуком эм нашудаанд, бояд ин корро кунанд. Илова бар ин, онҳое, ки зиёда аз шаш моҳ пеш зидди коронавирус ваксина гирифта буданд, бояд дубора ваксина шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Русия дар гуфтугӯ бо фармондорҳо аз онҳо талаб кард, ки таваҷҷуҳ ба коронавирусро, ки хусусияти мавсимӣ дорад, кам накунанд.

Президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки ба вазъи коронавирус таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, чунки он ба як бемории мавсимӣ табдил ёфтааст.

«Ба ҳар ҳол, мо бояд рӯи он кор кунем, таваҷҷуҳро ба ин масъалаҳо кам накунем, зеро чуноне ки коршиносон мегӯянд, ин беморӣ хусусияти мавсимӣ пайдо кардааст»,- гуфт ӯ дар мулоқот бо фармондори вилояти Твер Игор Руденя. Бояд гуфт, пештар Тедрос Адҳаном Гебрейесус, директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) зикр намуд, ки пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар барои рафъи сирояти коронавирус мувофиқ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *