Муҳоҷири тоҷик дар Русия худро ба дор кашид
Ҷасади ба дор овехтаи муҳоҷири тоҷикро дар Русия пайдо кардаанд.
Рӯзи гузашта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он чанд нафар дар ҳавои сарди зимистон ҷасади дар як дарахт ба дор овехтаро аз ҳалқаи дор берун мекашанд.
Ҳоло маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё ӯро ба дор овехтаанд. Дар асоси хабарҳои гуруҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, аз ҷайби ин мард шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Асоев Маъруф Ҷамшедович, соли таваллудаш 1989 ёфт шудааст.
Ин шиносномаи хориҷӣ моҳи июли соли 2023 аз ҷониби раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дода шудааст.
Тафсилоти дигари қазия ҳоло маълум нест. Агар шумо ин шахсро шинохтед ва ё наздиконашро медонед, пас дар шарҳ нависед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ