Муҳоҷирон ба табобати ройгон дастрасӣ пайдо мекунанд

Тариқи телевизиони Русия хабар доданд, ки хориҷиҳо дар Русия метавонанд аз хадамоти тиббии ройгон дар асоси бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русиягиҳо бархӯрдор бошанд. Вале дар он ҷо мушаххас нагуфтанд, ки оё муҳоҷирон низ аз ин хизматрасонӣ бархӯрдоранд ё не? Лутфан, ба ин масъала равшанӣ андозед.

МАЪРУФ, шаҳри Душанбе

Воқеан, Думаи давлатии Русия қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кард, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор дошт, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд.

Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд.

Зимнан, Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ тавзеҳ дод, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт. Вай афзуд, ки муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. То он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд.

Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт.

Шахсоне, ки аз рӯи шартномаи ҳуқуқӣ — шаҳрвандӣ кор мекунанд, метавонанд барои рухсатӣ дар робита ба вазъи саломатӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак то 1,5 сол маблағ мегиранд.

Зикр шудааст, ки ин ислоҳоти иҷтимоӣ дар доираи тарҳи таъсиси Хазинаи иҷтимоӣ дар Русия сурат мегирад. Ҳадафи он эҷоди як платформаи рақамӣ мебошад, ки тамоми системаҳои иттилоотии дар соҳаи иҷтимоӣ мавҷудбударо муттаҳид мекунаду барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *