Муҳоҷирон метавонанд то 15 декабр ҳуҷҷатҳояшонро қонунӣ кунанд

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо Александр Жуков, муовини якуми раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кардааст

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ 25 ноябр дар Маскав зимни мулоқот бо Александр Жуков таваҷҷуҳи ҷониби Русияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, онро яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба арзёбӣ намудааст.

Манбаъ афзуд, дар мулоқот зикр гардид, ки паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудиятҳоро ба миён овард.

“Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд”, — таъкид шудааст дар иттилоияи котиботи Рустами Эмомалӣ.

Инчунин ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *