Муҳоҷирони тоҷик дар Русия коронавирус шуданд

15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷойи воҳима нест, чун дар Русия ҳазорон нафар мубталои коронавирусанд. Бархе аз муҳоҷирон аз дастрасӣ надоштан ба хадамоти тиббӣ дар Русия шикоят доранд. Хабар медиҳад Радиои Озодӣ

Тибқи омори ахир беш аз 21 ҳазор нафар дар Русия ба бемории ҳамагири КОВИД-19 мубтало шуда, 170 тан ҷон додаанд. Беш аз 1600 нафари дигар шифо ёфтаанд.

Дар Русия тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар шароити коронавирус бекор ва бе сармоя мондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *