Муҳокимаи Чоршанбиев рӯзи 28-уми феврал оғоз хоҳад шуд
Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкоре, ки ба даъватҳои интернетии сарнагун кардани ҳокимияти Тоҷикистон айбдор мешавад, аз додгоҳ хостаанд, муҳокимаи ӯ на дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ, балки дар худи додгоҳ баргузор шавад. Муҳокима рӯзи 28-уми феврал оғоз хоҳад шуд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор кардааст, ки мурофиа ба таври кушода бошад ҳам, дар бинои боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия ҷараён гирад.
Сабаби чунин тасмимро намояндагони додгоҳ шарҳ надодаанд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 23-юми феврал дар эъломияе аз қавли мақомот навишт, эҳтимоли ҷамъ шудани мардуми зиёд дар назди додгоҳ вуҷуд дорад ва ин ҳолат метавонад ба муҳокимаи дурусту саривақтии парванда халал расонад,- менигорад Радиои Озодӣ.
Созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, дар эъломия гуфтаанд, баррасии парванда дар фазои боз яке аз кафолатҳои асосии дастрасӣ ба ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ аст ва муҳокимаи парванда дар бинои боздоштгоҳ дастрасии ВАО ва ҷомеаро маҳдуд мекунад.
Тасмими Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба гузаронидани мурофиаи Чоршанбиев дар боздоштгоҳ имкони ширкати хабарнигоронро дар он мушкил мекунад. Чун, ба гуфтаи масъулони эътилоф, бинои боздоштгоҳ муҳофизатшаванда аст ва барои ворид шудан ба он ва ширкат дар мурофиа иҷозати пешакӣ зарур мешавад.
Варзишгари муҳорибаҳои омехта Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли гузашта баъди ронда шудан аз Русия дар Душанбе дастгир шуд. Мақомоти тоҷик ӯро ба даъват ба сарнагунии ҳокимият тариқи интернет муттаҳам мекунанд. Ӯ ва наздиконаш ин айбодркуниро рад мекунанд.
Парвандаи Чоршанбе Чоршанбиевро аввали моҳи феврал ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристоданд. Дар оғоз нисбати Чоршанбиев бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тариқи интернет парванда боз шуда буд. Дертар банди аввал аз парванда ҳазф шуд ва Чоршанбиев ҳоло танҳо ба даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам мешавад. Ин айбнома аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Чоршанбе Чоршанбиев зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва варзишгари муҳорибаҳои омехта аст. Вай солҳои охир дар Русия мезист ва рӯзи 31-уми декабри соли гузашта аз ин кишвар ихроҷ ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ