Муҳорибаи Умар Нурмагомедов ва Сэндхаген дар соли оянда барпо мешавад?
Тавре иттилоъ дорем, тобистони имсол бояд муҳорибаи Умар Нурмагомедов ва Кори Сэндхаген баргузор мегашт, вале бо сабаби ҷароҳат бардоштани варзишгари доғистонӣ рақиби Кори Сэндхаген Роб Фонт шуд.
Кори Сэндхаген пас аз ғалаба ишора кард, ки акнун бояд Умар Нурмагомедов бо рақиби аз ҷиҳати рейтинг поёнтар муҳориба гузаронад. Аммо дар яке аз суханрониҳои президенти ташкилоти UFC Дана Уайт дида мешавад, ки дар рӯйхати муҳорибаҳои эҳтимолии соли 2024 номи ин ду варзишгар паҳлуи ҳамдигар навишта шудаанд.
Коршиносон ва журналистон ба назаре ҳастанд, ки паҳлуи ҳам будани номи Умар Нурмагомедов ва Кори Сэндхаген маъноеро дорад, ки онҳо дар соли оянда дар майдон вомехӯранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ