Муҷоҳид мехоҳад, ки Тоҷикистон бо Толибон дӯст шавад. Имкон дорад?

Муҷоҳид: “Онҳое, ки аз номи ҳукумати Кобул дар марз буданд, аз он ҷо гурехтанд ва дар натиҷа ин қаламрав ба зери назорати мо гузашт”

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) изҳор дошт, ки ин созмон амнияту дахолатнопазирии қаламрави Тоҷикистонро кафолат медиҳанд.

Муҷоҳид таъкид намудаст, ки бо Тоҷикистон, чун кишвари дӯст муносиботи хуб хоҳанд дошт, навиштааст хабаргузории русии РИА Новости.
“Мо бо кишвари дӯст – Тоҷикистон муносиботи хуб хоҳем дошт. Дар марз амният таъмин хоҳад шуд ва ягон дахолате сурат нахоҳад гирифт”, — таъкид намудааст намояндаи Толибон*.

Ӯ зикр намуд, ки ахиран тавонистанд қисми зиёди қаламрави Бадахшони Афғонистонро ба идораи худ дароранд.
“Онҳое, ки аз номи ҳукумати Кобул дар марз буданд, аз он ҷо гурехтанд ва дар натиҷа ин қаламрав ба зери назорати мо гузашт”, — иттилоъ додаст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Ин изҳороти намояндаи Толибон дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир қисмати зиёди ноҳияҳои Афғонистон дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба тобеияти ин гуруҳи мамнӯъ гузашта, низомиёни ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди низомиёни афғонро, ки ба ин кишвар фирор кардаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд.

Президенти Тоҷикистон зимни баррасии вазъи марз дастур дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон сафарбар карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *