Муҷозот барои шикастани санги мазор

Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон онҳое, ки санги мазорҳоро мешикананд ё ба қабрҳо зарар мерасонанд, ҷарима хоҳанд шуд. Ин муқаррарот ахиран дар қисми 2-юми моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова карда шуд.

Тибқи тағйироти нав ба қонун ба волидайни кӯдаконе, ки ба санги болои қабрҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо насбшуда зарар мерасонанд, ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидайни кӯдаконе, ки ба мазорҳо соеб мерасонанд, аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар давоми як соли баъдӣ таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати тахриб ё зараррасонӣ ба санги мазорҳо ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.

Агар ин ҷиноятро шаҳрвандони аз 18 сола боло содир кунанд то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд ва ё то 3 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Қаблан дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд.  

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ имзо гузошт.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *