Муҷозоти ду ҷавони 18-сола. Ё 2х15 чаро 30 нашуд?

Нисбати Манучеҳр ва Саъдӣ, ду ҷавонӣ 18-сола ва ҳамзамон маъмурони нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои пешгирикунандаро доир мекунанд.
Нар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерианд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки маркази компютерии мазкур ба шаҳрванд Раҷабзода Манучеҳр Гулмаҳмад, санаи таваллудаш 12.06.2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, деҳаи Правда, донишҷӯи курси 1-уми Колеҷи Ҷумҳуриявӣ факултети Фарматсефт, тааллуқ дорад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Раҷабзода Манучеҳр протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3-нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Манбаъ хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки маъмури маркази компютерии «Оазис» шаҳрванд Нуров Саъдӣ санаи таваллудаш 15.03.2003, истиқоматкунандаи кӯчаи Синои шаҳри Душанбе талаботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ оид ба реҷаи кориро риоя накардааст. Гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони милитсия расман огоҳонида шуда бошад, ҳам номбурда берун аз соати муайяншуда ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул гаштааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нуров Саъдӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *