«Муҳаммад Расулуллоҳ» -ро эҳтимол дар Душанбе нишон диҳанд
«Муҳаммад Расулуллоҳ» — филми маъруфи коргардони эронӣ Маҷид Маҷидиро имкон дорад дар Душанбе намоиш диҳанд. Дар ин бора Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳақдодов гуфт, Иттиҳоди синамогарон як нусхаи ин филмро барои як-ду рӯз ба Душанбе оварда ва метавонанд ба гурӯҳе аз алоқамандони ҳирфаии синамо намоиш диҳанд.
«Барои намоиши оммавии филм бояд онро аз муаллифонаш харид. Аммо корхонаи давлатии “Тоҷиккино”, ки масъулияти харидану намоиши филмҳои хориҷиро ба ӯҳда дорад, ба сабаби мушкили молӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бахусус, барои харидани филми “Муҳаммад Расулуллоҳ”, ки аз гаронбаҳотарин филмҳо дар Эрон ба шумор меравад, дасткӯтаҳ аст», — меафзояд Ҳақдодов.
Ҳодисаҳои ин филм дар асри 7 мелодӣ мегузаранд. Наворбардории он соли 2007 шуруъ шуда, қисмате аз филм дар Африқои Ҷанубӣ сабт шудааст.
Дар сохтани филми «Муҳаммад Расулуллоҳ» мутахассисони ҳолливудӣ — барандаи ҷоизаи Оскар, наворбардори итолиёвӣ Витторио Стораро ва оҳангсоз Алла-Раха Рахман низ саҳм доштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ