Муҳаммадшо  дар дарё ғарқ шуд

Рӯзи сеюми апрели соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 16 марди 63 сола ба дарё  ғарқ шудааст, ки то ҳол аз ӯ дараке  нест.

Ғарқшуда Муҳаммадшо Наҷмиддинов  сокини ноҳияи Рудакӣ, деҳаи  Муқия мебошад. Пайвандони ӯ ба хабарнигори “Tajikistan times.tj “ гуфтанд, ки  рӯзи сеюми апрели соли ҷорӣ, соатҳои тақрибан 16 бо мақсади ҷамъ кардани ҳезум ба  лаби об меравад.

 -Язнаам ду рӯз пеш 63 солагии умрашро дар иҳотаи пайвандонаш ҷашн гирифта буд. Ҳамон шабу рӯз борони сел меборид. Рӯзи душанбе ба лаби дарё меравад. Писари ҳамсоя ҳезумҷамъкуниашро дида, ба писараш мегӯяд, ки борони сахт борида истодаасту падарат дар лаби дарё ба ҷамъугири ҳезум овора аст. Ин суханро шунида писараш ба он ҷое, ки писари ҳамсоя гуфта буд, меравад, вале дар он  ҷо ба ҷуз тоқӣ  ва ҷомаи падараш  чизеро намеёбад. Аз он рӯз то имрӯз панҷ рӯз мешавад, ки корҳои кофукобиро идома дода истодаанд, вале ягон  нишона намеёбанд.

Барои кофтубок 5 киштӣ ба қади дарё партофтаанд, ки то саршавии дарёи Панҷ ҷустуҷӯ хоҳанд кард, гуфт дар охир ҳамсуҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тибқи маълумоти обу ҳавосанҷӣ, ҳамватанонамонро огоҳ карда буд, ки ба минтақаҳои хатарнок ва куҳӣ сафар накунанд, ки брони сел дар назар дошта шудааст, эҳтимоли фаромадани лағжиши сангу хок аст.

Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *