Муҷассамаи Шоҳи суғдиро пайдо каданд
Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудааст, ки то имрӯз дар хонаводае нигоҳдорӣ мешуд.
Абдурауф Раззоқов, сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ нақл кард, ки корманди ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент Сафарзода Носирхон ба камина аксеро нишон дод, ки дар он муҷассамаи ҷавонмарди аспсавор тасвир ёфта буд.
«Субҳи бармаҳали 8 июли соли 2016 мо бо Носирхон ба деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ рафтем. Соҳиби бозёфт Қӯшабой Ғолибов, омӯзгори фанни математика ва информатикаи мактаби №36-и деҳаи Кантеи ҷамоати деҳоти Фондарё бозёфтро ба мо нишон дод. Қ.Ғолибов ба мо нақл кард, ки ҳанӯз 3035 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ мешудааст», — илова намуд А. Раззоқов.
Вай гуфт, ки шиносоии нахустин бо ин бозёфт, қабл аз ҳама, мазмуну мӯҳтавои деворанигораҳои Панҷакенти қадимро пеши назари ман овард. Фавран ин бозёфти нодир ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ интиқол дода шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ