Муҳиддин Хоҷазод: Сад гуна доғ дар ҷигару ханда мезанам…

 

Ёди устод Айнӣ, фоҷеаи Толис, Аз Норак то Роғун ва фатҳи қуллаи 80

Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Муҳиддин Хоҷазодро дар суҳбати мудири бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод шоду масрур ва шукуфон пайдо кардам, зеро Аҳмадҷони Раҳматзод аз чопи мунтахаби осори Муҳиддин Хоҷазод дар шаш ҷилд ба муносибати 80 — солагии эшон, ки соли равон ҷашн гирифта, мешавад, мужда расониданд… Идомаи суҳбати мо дар боғи ситораҳои Хуҷанд, қадамзанон сурат гирифт. Раҳим Ҷалил, Султон Умаров, академикҳо Раҷабовҳо, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Пӯлод Толис ва садри ин маҷлис Шайх Камол андешаманд нишаста, гӯё суҳбати моро назора мекарданд. Бинобар ин, суҳбат софу самимӣ буд. Чун дар назди нимпайкараҳои шахсиятҳои таърихӣ будем, гапамон беихтиёр аз рӯзҳои гузашта рафт… Муҳиддин Хоҷазода авроқи зардшудаи хотироти худро ба 80 соли пеш варақгардон карданд, гарчанде барояшон осон набуд…

 

Бедардро хаёл, ман дар фароғатам

Сад гуна доғ дар ҷигару ханда мезанам,

Бедардро хаёл, ки ман дар фароғатам.

Лабрезам аз висолу гирифтори фурқатам,

Сад гуна доғ дар ҷигару ханда мезанам,

Бедардро хаёл, ман дар фароғатам – баъди муассир қироат кардани ин шеър, Хоҷазод каме сукут карда, идома доданд: — Медонед, дард ҳам барои инсон неъмат аст. Дард боис мегардад, ки одам ҳамеша дар суроғи худ бошад, худашро бишносад. Аммо ҳамон даврае, ки дард кам шуд, инсон бояд ҳушёр шавад, ки дар ғафлат намонад. Ӯ дар ибтидо гумон мекунад, ки дард одамро нобуд мекунад, аммо баръакс он нигоҳ медорад, устувор мекунад.

-Устод, бубинед нохудогоҳ суҳбатамон аз дард оғоз шуд. Дарвоқеъ оғози зиндагии шумо ҳам иртибот мегирад ба дард: бадарғагӣ, тамғаи «кулак» доштан дар тарҷумаи ҳол ва ғайра.

-Бале, ин ба тақдири падар вобаста буд. Солҳои 30 – 37, давраи табъиз ва шахспарастиро ҳама медонанд. Ҳамин тавр, падари ман, ки зодаи  Хуҷанду домулло ва модарам, ки зодаи Бухороянду аз оилаи сарватманд буданд, бадарға шуданд. Ин давраи бисёр душвор ва пурмашаққате буд. Тасаввур кунед, инсонҳо аз 40 дараҷа гармӣ ба 40 дараҷа хунукӣ фиристода мешуданд. Бинобар ин, солҳои аввал аз нисф зиёди мардуми  Осиёи Миёна, ки ба Сибир бадарға шуда буданд, фавтиданд.  Аммо ҳаво хунуку замин яхбаста, ки буд гӯр кардани мурдаҳо имкон надошт. Бинобар ин, онро дар як ҷо мемонданд ва ҷасад то баҳор вайрон нашуда меистод, баъдан мегӯрониданд.  Ҳамин рӯзҳоро дидем. Болои сӯхта намакоб, фашистон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карда, аз маҳалли мо гузашта, ба марказ наздик шуданд, вақте онҳоро шикаст доданд, онҳо боз аз миёни мо ба қафо баргаштанд. Яъне, шоҳиди ду ҳуҷуми фашистон шудем. Натиҷаи ин дидор ва ин зиндагӣ баъдан романи «Нанг ва номус» шуд, ки дастраси хонандагон гардид.

-Шумо то чандсолагӣ дар Ставропол будед?

-Ман он ҷо таваллуд шудаам. Дар хунукиҳои Сибир шавҳар ва фарзандони модари ман вафот мекунанд, зани падарам низ бо як фарзандашон аз дунё мегузарад. Ҳамин тавр, падару модарам бо ҳам издивоҷ карданд, ки ҳосили он пайванд ман ҳастам. Аслан таваллуди ман 21 марти соли 1937, дар рӯзи ҷашни Наврӯз аст, аммо дар ҳуҷҷатҳо моҳи ноябр сабт шудааст. Падар баъди чанд вақти таваллуди ман, пеш аз саршавии ҷанг ба Ватан баргаштанд, ману модарам бошад, соли 1946 баъди итмоми ҷанг.

-Падаратон шуморо дар Ставропол бо модар танҳо гузошта омаданд?

-Ҳамин тавр. Падари ман мадрасадида, муллои калон ва шарикдарси устод  Садриддин Айнӣ буданд. Он кас ба воситаи муридонашон соли 1940 ба Самарқанд баргаштанд. Баъди бозгашт духтари Беҳбудии машҳурро ба занӣ гирифта, дар Самарқанд монданд. Баъди ба охир расидани ҷанг ману модарам падарро суроғ карда омадем, ки он кас аллакай оиладору соҳиби хонаву дар. Падарам маро бо худ гирифта, модарамро ба назди фарзандони зани аввалаашон ба Хуҷанд фиристоданд.

-Яъне, шумо ба суроғи падар омада, аз модар маҳрум шудед?

-Бале… Аммо ман баъди вафоти падар ва моиндар модарамро гирифта, ба Душанбе бурдам ва даҳ соли охири ҳаёташон бо ману фарзандонам зистанд. Чӣ рӯзҳоеро аз сар нагузаронидем. Ин имтиҳонҳои пайдарҳами зиндагист, ки ҳамаро пушти сар кардам…

«Фиреб»-и Айнӣ

 — Устод, гуфтед, ки падаратон шарикдарси устод Айнӣ буданду бо эшон равуо доштанд. Табиист, ки шумо ҳам устод Айниро дидаед...

-Бале, борҳо.  Ҳатто эшонро як маротиба дар кӯдакӣ «фиреб» ҳам кардаам (механданд).

— Аввалин дидорбиниатонро бо устод ёд доред?

-Албатта. Бори аввал Айниро дар Самарқанд, дар маҳаллаи Қурғонча дидам. Падарам зуд — зуд ба дидорбинии эшон мерафтанд ва онҳо ҳар ду суҳбатҳои ирфонӣ мекарданд. Дар яке аз чунин дидорбиниҳо падарам маро бо худ бурданд ва бо устод Айнӣ шинос карданд: — «Ин фарзанди Кавказии мо». Айнӣ ба ман бодиққат нигоҳ карда гуфтанд: — «Нусхаи пурраи падар». Ман воқеан назар ба дигар фарзандон ба падарам сахт монандам. Маҳз дар ҳамин ҳавлӣ  бо Камол Айнӣ, Холида ва Лутфия шинос шудам, ки ошноиямон то дами марги онҳо идома ёфт. Баъдан фаҳмидам, ки устод Айнӣ падарамро вазифадор карда буданд, ки баъзе аз осори Мирзо Абдулқодири Бедилро ба ҳуруфоти кириллӣ баргардонанд. Ҳамин тавр, падарам нусхаи аслро мехонданду ҳамсарашон — духтари Беҳбудӣ, ки ӯ ҳам зани босавод буд, онро ба кириллӣ менавишт. Айнӣ ба ивази заҳмат ба падарам музд ҳам медодаанд.

-Гуфтед, ки дар кӯдакӣ устод Айниро фиреб ҳам додаед, чи гуна фиреб?

-Ин як ҳодисаи аҷиб аст. Соли 1946 устод Айнӣ ва аз думболи эшон падари ман аз Самарқанд ба Душанбе кӯч бастанд. Дар Душанбе, дар бӯстонсарои ҳукуматӣ барои Айнӣ ҳавлӣ ҷудо карда шуд. Маҳз дар ин ҷо равуоямон бештар гардид. Устод Айнӣ ҳамеша маро ба мутолиа талқин мекарданд. Ҳатто чанд маротиба ба ман пул доданд, то китобашонро аз мағоза харида хонам. Як маротиба баъди нашри дувуми «Дохунда» он кас маро ба ҳуҷраашон дароварда, сейфро кушода ба ман 3 сӯму чанд тин доданд, ки китобро харида хонам. Аммо мани кӯдак он пулро барои харидани китоб неву барои ширинихӯрӣ сарф кардаам. Баъдан китобро аз китобхона гирифта хондам. Дафъаи дигари сафарамон Айнӣ аз ман муҳтавои китобро пурсиданд. Ман нақл кардам. Баъдан гуфтанд, ки муқоваи китоб чӣ хел буд? Ман муқоваи китоби хондаамро гуфтам.  Он кас «э шайтонее, ту китобро нахаридаӣ, балки аз китобхона гирифта хондӣ», -гуфта маро сарзаниш ҳам карданд. Зеро нусхаи китобхона чопи куҳна будааст.

Як чизи дигарро мехоҳам илова кунам. Солҳои охир дар мавриди назари устод Айнӣ ба дину оин ҳар хел гап баромад. Бо васияти устод Айнӣ баъди маргашон, нисфи шаб Камол Айнӣ омада, падарамро бурданд ва ҳама рукнҳои мусалмониро иҷро карда, баъдан рӯзи дигар аз марги эшон кормандони ҳукуматиро хабар доданд.

Ғуссаи ботинӣ ва «Ғусса»-и Чехов

-Устод, бубинед, шумо дар мактаби русӣ хондед. Яъне ҷаҳонбинӣ ва биниши шумо дигар буд. Метавонистед, соҳаҳои дигарро интихоб кунед. Аммо чӣ боис шуд, ки нависанда шавед?

-Боз ҳам ғусса ва дард. Ғам одамро зер мекунад, пур шуда меояд. Ман, замоне, ки дар Ставропол будам, «Ғусса» гуфтани асари Чеховро хонда, дар ҳайрат мондам. Гӯё ӯ дарди маро мегуфт, баробари хондан сабук мешудам. Баъдан китоби «Бедные люди»-и Достоевский ба дастам расид ва дарк кардам, ки роҳе, ки инсон ғуссаашро берун кунад, вуҷуд доштааст. Ҳамин тавр асари аввалини ман дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Он ҳикоя бо чунин ҷумла оғоз мешуд: «Гӯед, кадом духтар ё зани зебо дучори нигоҳи мард нашудааст». Устод Турсунзода ин ҳикояро хонда писандиданд.  Баъдан вақти қабул ман онро азёд хонда аъзои иттифоқ шудам.

-Бубинед, дар замони шӯравӣ фарзанди кулак будан ба тақдири инсон бетаъсир буда наметавонист. Оё ин монеи пешрафти шумо нашуд?

-Наметавонам гӯям, ки бетаъсир буд. Ҳамеша метарсидам, зеро тақдири ман, тарҷумаи ҳоли ман, саргузаштам дигар буд. Аммо шукр. ки бо вуҷуди ин ба деги адабиёт ба муҳити адабӣ роҳ ёфтаму ба маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор пардохтам.

 Фоҷиаи Пӯлод Толис

 Шумо дар маҷаллаи «Садои Шарқ»-и он солҳо бисёр машҳур ҳамроҳи Пӯлод Толис кор кардед. Дар бораи Толис чанд ҷумла бигӯед...

-Толис, уффф… ҳайф шуданд. Инсони наҷибе буданд. Толис. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, он рӯзҳое ки бо Пӯлод Толис якҷоя кор мекардем. Он кас ҳамеша мегуфтанд, ки ман аз падарам умри дарозтар намебинам. Падари Толис яке аз журналистони машҳури солҳои 30-юм буданд, ки ашхоси репресияшударо фелетон мекарданд. Бинобар ин, душманонашон афзуда, он касро дар 35 — солагӣ мекушанд. Ҳаминро мисол оварда, гапи Толис ҳамин буд: аз падарам зиёд умр намебинам.

-Яъне, Толис пессимист буданд?

-Бале. Илова бар ин, омилҳои дигар ҳам бетаъсир буда наметавонистанд. Тихонов раиси Комитети сулҳи Иттифоқи Советӣ бояд аз вазифа мерафту Турсунзода ба ҷойи ӯ ва Толис раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешуд. Аммо дар ин миён гурӯҳбозӣ сар шуд. Нафароне ҳам буданд, ки Толисро намехостанд. Дар ҳамон шабу рӯз он касро аз вазифа барканор карда, бо баҳонаи сафари эҷодӣ ба Масчоҳ гусел карданд. Аммо он кас аз он ҷо норозӣ баргаштанду аз нав ба вазифаашон барқарор карда нашуданд. Баъди гурӯҳбозиву ҳар хел гапҳо нисбати он кас хунукназарӣ шуд. Боз чанд воқеаҳо сабаб шуду Толис ба чунин амал даст заданд.

-Нақши Пӯлод Толис дар адабиёти мо чӣ гуна аст?

-Толис, кам умр диданд, аммо аз худ як мактаби адабӣ мерос гузоштанд.  Аксари адибони баъдӣ ба Толис пайравӣ карданд.

 Дурдонаҳои парешони «Дурри парешон»

 -Устод соли равон ба 80 медароед…

-Одатан барои ҳар як инсон ҳар даҳсола фатҳи як қуллаеро мемонад, ки хеле баланд метобад. Банда чун як қулларо фатҳ карда, дар пояи қуллаи дигар қарор гирифт, аз худ мепурсад оё мерасам ё не?  Табиати инсон Худодод аст. Худованд барои инсон чашм додааст, барои дидан, гӯш  барои шунидан ва тамизу идрок барои таҳлил кардан ва чи хуш, ки ба нависанда қалам додааст, ки ҳамин таҳлилро рӯйи қоғаз оварад. Агар ҳамин чор рукнро Худо кам накунад, фатҳи баландтарин қулла душвор наметобад. Бинобар ин, аз гузашти рӯзгор ғусса хӯрдан, умед кандан лозим нест.  Ман ҳам, вақте ки   70 — сола шудам, фикр кардам, ки ба поёнии роҳ расидам. Тамом. Бинобар ин, қариб, ки заволаро меғундоштам. Аммо заволаро ҳеҷ гоҳ ғундоштан лозим набудааст, заволаро кушода бояд монд, баракатро Худованд медиҳад. Албатта, фикр мекунед, ки гапи гуфтагиатон такрор барин, гуфта барин, суфта барин, дида барин, гашта барин, аммо ин  барин — баринҳо амбарин шуда мемондааст, ки худатон дар ҳайрат мемонед. Як саҳифаи тоза, як андешаи тоза мешавад, ки дар 70 сол надида будед, пас чаро ин неъматро истифода набурд?

-Устод, заволаи шумо баъди 70 — солагӣ, дар қуллаи нави зиндагӣ ва эҷодиёт чӣ самар дод?

-Аз суолатон бармеояд, ки он чӣ то 70 — солагӣ навиштам, хонанда огоҳ аст ва он чӣ дар даҳ соли охир эҷод кардам, ҳанӯз пурра ба дасти хонанда нарасидааст. Ба ҳар ҳол осон нагузашт. Аз ғарибӣ то Норак ва аз он то Роғуну то Сангтуда ҳама дар асарҳои пешин акс ёфтанд. Ман ҳам дар охири 70 — солагӣ, чӣ тавре ки гуфтам, каме ноумед шудам, ки  шояд ба анҷоми роҳ расидам, аммо не.  Солҳои 90-ум вазъияти Душанбе мураккаб шуд. Майдонҳоро мушоҳида, андешаҳояшонро гӯш кардам, бо дӯстонамон, ки қаҳрамонҳои майдонҳо буданд ҳамсӯҳбат шудам. Гарчанде нависандаам дар давраҳои душвори зиндагӣ ин оҳанг ба шакли назм омад:

Ҳар дам ба ёди Зулҷалол, ҷону дилам гум мезанад,

З-ин бум ба фарёд омада, худро ба он бум мезанад.

Аммо саманди зиндагӣ, дар лаб сулуки оҳанӣ,

Нагзорадам боло равам, сум мезанад, сум мезанад, сум мезанад.

 Ҳамин нақарот оҳанги силсилаи давраи охири эҷодиёти ман гардид, ки номи умумиаш «Дури парешон» аст. Ҳамчунин зерсарлавҳае дорад, бо унвони «Лавҳаҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ». Ин китоб аз романҳо бузург шуд, зеро қариб ба 1000 саҳифа наздик омад. Ин асар натиҷаи мушоҳидаҳои ман аст, ки тоза ба тоза менависам. Дар он худи ман ҳам як объекти санҷиш ҳастам, яъне як марди 70-80 — сола нисбати дунё чӣ назар дорад ва чӣ рӯзгорро аз сар мегузаронад. Ин силсила қисмати муосирони мост. Инъикоси қисмати онҳост, зеро тарҷумаи ҳоли як кас тарҷумаи ҳоли як аср, як замон шуда метавонад. Пораҳои ин асар дар маҷаллаву рӯзномаҳо чоп шуд. Соли гузашта ҳам бо номи «Дури парешон» аз тарафи нашриёти «Адиб» дар даҳ ҷузъи чопӣ аз чоп баромад, аммо ҳоло худи эҷод ба охир нарасидааст.

-Дарвоқеъ ин дурдонаҳои парешони «Дури парешон»-ро ҷаставу гурехта хондам. Аҷиб барои ман рӯй овардани шумо ба насри мусаҷҷаъ аст. Оё гаравиш ба сабки классикӣ табиӣ буд?

-Бале. Дар «Дури парешон» чизе сохта нест. Ҳама табиӣ.

-Шояд ин асар дар мунтахаби шашҷилдае, ки муждаашро шунидем, ба пуррагӣ нашр шавад…

-Шояд. Мунтахаби осори ман дар 3 ҷилд нашр шуда буд. Чанд рӯз пеш ба шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон муроҷиат кардам, ки «Дури парешон»-ро дар як ҷилд чоп кунем, аммо инҳо хабари хушро ба ман расониданд, ки мунтахаби осорамро дар шаш ҷилд ба нақша гирам.

-Бо вуҷуди ҳамаи ин номи шумо дар адабиёт ба сифати нависандаи  адабиёти синфи коргар машҳур аст. Дар замони истиқлол ақидае пайдо шуд, ки шумо ин асарҳоятонро фармоишӣ навиштед ва онҳо асари асили адабиёт нестанд. Шумо чӣ назар доред?

-Аз ин ҷараён, ки сонитар пайдо шуд, хабар дорам. Онҳо борҳо  асарҳои моро супоришӣ яъне, асил не гуфта маломат заданд. Ва то ҳол ҳам ин гап ҳаст. Аммо ман пештар аз «Норак» ба мавзӯи синфи коргар мароқ зоҳир карда, қиссаи  «Дилро ба дил раҳест»-ро навишта будам.

-Шояд ҳамин асари шумо боис гашт, ки шуморо ба Норак фиристанд?  

-Ман ба Норак бо хоҳиши худам рафтам. Дар як маҷлиси Иттифоқи нависандагон устод Турсунзода гила карданд, ки Норак дар ватани мо сохта шуда истодаасту адибони хориҷӣ омада, дар бораи он асар менависанд, аммо худи мо чизи арзишманде наофаридем. Ин чиз ба ман таъсир кард. Он вақт мудири шуъбаи «Садои Шарқ» будам. Бинобар ин,  ариза навишта, ба Норак рафтам. Аммо ман дар он ҷо қоғазу қалам гирифта, худамро нависанда нагуфтаам, балки ба  сифати бетоншики разряди дуюм ба кор пардохтам. Суол ҳам намедодам, балки онҳо мепурсиданд: «Бачам, рангат ранги одами хондагӣ барин метобад. Аз сарат чӣ гузашт, ки ба кори вазнин гузаштӣ» Ман мегуфтам ҳеҷ, хостам дар паҳлуи шумо кор кунам. Як рӯз вақти хӯроки нисфирӯзӣ яке аз коргарон шухикунон хонд:

 Эй Худо, ҷонам муборак сохтӣ

Дӯзахат кам буд, ки Норак сохтӣ.

Ҳамин тавр Нораки дӯзах ба Нораки биҳишт табдил ёфт. Пас чаро нанависем?

-Ба фикрам бо Норак дилатон таскин наёфт, ки Роғуну Сангтӯда ҳам рафтед?

-Бале. Аҷиб, ки баъди  Норак ҳам фарзандони қаҳрамонони ман ба кори Роғун рафтанду набераҳояшон ба Сангтӯда. Бинобар ин, тақдири ин се насл романи сегона — трилогия шуд, ки аз чоп баромад.

-Бубинед. Шумо дар давраи тиллоии адабиёти тоҷик ба майдони адабиёт омадед. Муҳити боқувват ва солими адабӣ таваҷҷуҳи хонанда ва ғайра. Аммо дар замони Истиқлолият аз миёни ҷавонон нависанда ниҳоят кам дорем. Чаро?

-Дуруст аст. Ман ҳам зиёд андеша мекунам. Чӣ тавре гуфтам, эҷодкор аз дард пайдо мешавад. Эҷодкорро қисмат месозад. Аслан ҳаводиси солҳои 90-ум ва талошҳои он давра бояд як идда нависандагони забардастро тавлид мекард. Мисле ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти рус. Аммо ин тавр нашуд. Ҳоло ман ҳам ба ин савол посух надорам, аммо ба гумонам мардум фориғбол шудаанд. Ин хуб нест, Худо миллатро аз фориғболӣ нигоҳ дорад.

Бегона дар шаҳри худ

-Устод, маро ҳамеша як чиз ором намегузорад. Чаро шумо кор, зиндагӣ, хонаву дар ва 50 соли зиндагитонро сарфи назар карда, аз Душанбе кӯч бастед?

-Ман 55 сол дар Душанбе зистам. Душанбе ҷону ҷигари ман аст. Ҳамаи ин натиҷаи солҳои 90-ум аст. Он солҳо дар Душанбе ҷараёнҳои гуногун пайдо шуд. Гарчанде ман ба ягон ҷараён ҳамроҳ нашудаам, аммо ҷараён ҷараён аст. Он метавонад одами устуворро ҳам ба худаш кашад. Дар гирудорҳои солҳои 90-ум писарҳо ба Хуҷанд омаданд, аз пасашон ҳамсарам ҳам рафт. Ман танҳо мондам. Маҷбур шудам, ки аз паси онҳо оям. Баъдан маҷбур шудем,  ки хонаи Душанберо фурӯхта, дар Хуҷанд хона харем. Ҳамин тавр ин ҷо мондам.

-Пушаймон шудед?

-Ҳоло ҳам дилам гум мезанад. Дар тантанаи 80 солагии Душанбе моро даъват намуданд. Ману Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Аҳмадҷони Раҳматзодро дар ошёнаи панҷуми меҳмонхонаи «Дашанбе» ҷой карданд. Ман аз тирезаи ошёнаи панҷум ба боғ нигаристам. Он ҷо аз ошхонаҳои атроф садои мусиқӣ меомад. Мардум хурсандӣ мекарданд. Аммо аз дили ман хун мегузашт, бо овози баланд дод зада, гиристам. Ман, ки 55 сол дар ин шаҳр мезистам, акнун мисли бегонаҳо  дар меҳмонхона будам. Бегона дар шаҳри худ. Аммо аҷиб, ки набераҳо як — як гашта, барои таҳсил ё зану шавҳар карда, ба Душанбе рафтанд. Як поямон айни ҳол он ҷост.

-Аз зиндагии худ розиед?

— Бале. Бо он рӯзҳое, ки ман аз сар гузаронидам, ҳеҷ гумон намекардам, ки ба ин син мерасам. Шукр.

-Мана чанд моҳ баъд ҷашни 80-солагии шумост. Чӣ орзу доред?

— Инсон бо орзу зинда аст. Ман ҳам се орзу ё хоҳиш дорам. Норак, нури чашми ман, Роғун азизи дили ман, Сангтӯда азизи чашми ман. Бинобар ин, акнун дар 80 — солагӣ мехоҳам, ки боз як маротибаи дигар бо чашми пирона ин маконҳоро бубинам. Орзуи ман ҳамин аст.

-Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

 Мусоҳиб Одили Нозир

 №33 (1231) 15.08.17

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *