Муҳиддин Идиев аввалин соҳибҷоизаи «Тоҷикистон» гашт
Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳи Шерализода имрӯз зимни як чорабинии мутантан дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» Душанбе ба рӯзноманигор Муҳиддин Идиев тақдим карда шуд.
Ин Ҷоиза с 2016 аз ҷониби гуруҳи муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таъсис ёфта, бори аввал супорида мешавад.
Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода даврашакл буда, дар маркази он акси қалам ва аз ду тарафи он ду барги сабз ҳаккокӣ шудааст. Қалам рамзи эҷод ва баргҳои сабз рамзи ҷовидонӣ ва сарсабз будани қалам аст. Ҳамчунин, дар овезаи нишони сарисинагӣ Парчами Тоҷикистон акс ёфтааст ва қалам низ ба ҷониби парчам нигаронида шудааст, зеро он рӯзноманигороне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷон бохтанд, ба хотири якпорчагии Тоҷикистон талош мекарданд ва имрӯз низ рӯзноманигорон дар пайи нигоҳ доштани амнияту суботи кишваранд…
Ҳамчунин дар ин чорабинии чорабинии мутантан ба 24 ширкатщои истеҳсолии ватанӣ бо ҷоизаи ифтихории «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ