Муҳимтарин мулоқоти президентон баргузор гашт
Раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳида ба муҳимтарин мулоқот дар шаш моҳи раёсаташ -дидору гуфтгӯ бо президенти Русия Владимир Путин омода шудааст, ки ҳадафи он манъи бӯҳрони амиқ дар равобити Русияву Амрико гуфта мешавад. Путин субҳи 7 июл вориди Ҳамбурги Олмон шуд ва мулоқоти ӯ бо Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон – G20 баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа барномарезӣ шудааст.
Трамп, ки як рӯз пеш ба Ҳамбург омад субҳи 7 июл дар ҳузури раҳбарони дигар бо Путин дидори кӯтоҳ дошт.
Мулоқоти байни ду раҳбар дар пасманзари таваҷҷӯҳи зиёд ба аломатҳое сурат мегирад, ки Кохи Сафед дар заминаи амнияти ҷаҳонӣ, созишҳои тиҷорат ва таъғири иқлим нишон медиҳад.
Бо он ки амалҳои Кремлин аз замони маросими савганди Доналд Трамп ба фаъолиятҳои ӯ соя афкандаанд, раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад бо Путин дар заминаи ҷанги Сурия, низои Украина, ҳамлаҳои ҳакерӣ, мушакҳои Кореяи Шимолӣ ва мубориза бо терроризм забони муштарак пайдо кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ