Муҳоҷири беташхис- манбаи хатар аст
Вазорати меҳнат ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз мақомоти дахлдор хостаанд, ки дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаи ташхиси фаврии тиббӣ ташкил кунанд.
«Ба муҳоҷирон танҳо пас аз ташхиси тиббӣ иҷозаи вуруд ба кишвар дода шавад», — гуфт Усмоналӣ Латифӣ, як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Ӯ рӯзи 6-уми июн гуфт, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши бемориҳои сироятӣ гирифта шудааст. “Вақте муҳоҷир ба ватан баргашт, ҳатман як бор аз ташхис гузарад. Баъд ба назди зану фарзандонаш равад”, — афзуд Латифӣ.
Пешниҳоди ташхиси муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии кишвар онҳоро “афроди осебпазир аз нигоҳи сироятёбӣ ба бемории ВИЧ” номидааст. Дар Барномаи муқовимат барои пешгирӣ аз вируси норасоии масунияти бадан дар солҳои 2017-2020 низ Вазорати тандурустӣ ба зарурати ташхиси фаврии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кардааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар барнома гуфтааст, дар пайи як ташхис 165 муҳоҷири корӣ, ки дар миёнашон 14 зан буд, ҳамчун гирифторони бемории ВИЧ сабт шуданд. Ба қавли манбаъ, дар маҷмӯъ, аз 9 ҳазор сироятёфтагони ин вирус дар Тоҷикистон наздики 50 дарсадашонро муҳоҷирон ва аъзои хонаводаи онҳо ташкил медиҳанд.
Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия, рӯзи 6-уми июн гуфт, ташхиси муҳоҷирон қабл аз вуруд ба кишвар «фикри дуруст аст». Вай гуфт, теъдоди гирифторони бемориҳои сироятӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, ки ба муҳоҷирони тоҷик бетаъсир намемонад.
“На танҳо бемории ВИЧ, балки сил низ дар Русия зиёд шудааст. Аз ин нигоҳ, иқдоми ташхиси онҳо хуб аст. Аммо ин кор маблағи зиёд мехоҳад. Барои ташхис пунктҳои махсус зарур аст. Барои хун гирифтан коргарҳои зиёд лозим аст. Аз тарафи дигар, ташхиси фаврӣ камбудҳои зиёд дорад, ки на ҳама вақт натиҷаро дуруст мегӯяд”, — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ