Муҳоҷири тоҷик ҳамаро «қоил» кард
Дар Интернет видеои муҳоҷири тоҷикеро нашр кардаанд, ки ба русӣ ҳамагӣ чанд калима ва он ҳам ба зӯр гап мезанад. Ин муҳоҷир дар мағоза кӯшиш мекунад, ки ба саволҳо асосан бо ишора ҷавоб бидиҳад, вале баъзан сӯҳбату ишораҳояш хеле хандаовар аст.
Ин муҳоҷир, ки дар як мағозаи маҳаллӣ тоза харид кардаву дар як дасташ халтаи харидашро алвонҷ медод, ҳатто макони зисташ дар Русияро дуруст гуфта наметавонад, як бало карда, бо лаби пурханда мефаҳмонад, ки онҳо дар як хона 7 нафаранд – «три қирғизу четыре тоҷик.”
Вақте аз ӯ мепурсанд, ки русиро медонад?, ӯ ба тоҷикӣ ҷавоб медиҳад, ки «кам-кам” ва пурсандаро, ки як хонум аст, ба ханда меорад. Муҳоҷири бечора ҳамин тавр, дар обу арақ тар шуда, мегӯяд, Эркинҷон Ҷумъаев ном дорад ва се ангушти дасташро нишон дода, мефаҳмонад, ки се фарзанд дорад. Вале вақте мепурсанд, ки худаш чанд сол дорад?, чор ангушти дасташро нишон медиҳад.
Пурсандаро аз ин ханда мегирад ва мепурсад, магар чорсолаӣ? Муҳоҷир ҳам бо ханда ҷавоб медиҳад, ки бале.
Аммо ин муҳоҷир бо вуҷуди чунин «русидонӣ”-аш хеле содаву самимӣ ба назар меояд ва лаҳзае ҳам табассум аз лабонаш канда намешавад. Ӯ дар охир бо ҳамин чеҳраи пурханда бо ҳамсӯҳбати русаш, ки вайро ин қадар «истинтоқ” кард, хайрухуш мекунад ва аз мағоза мебарояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ