Муҳоҷири тоҷик аз 14-ум ошёна афтоду фавтид

Шоми 27 июн, сотаи и тақрибан 19-30, як мардикори 20-сола аз Тоҷикистон дар ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград аз қабати 14-уми як сохтмони бинои истиқоматӣ ба замин афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин фалокат дар сохтмони як бинои 19-қабата дар кӯчаи Графскаяи шаҳраки Мурино дар канори Санкт-Петербург рух додааст. Ин ҷавони тоҷик дар ин сохтмон ба сифати устои барқ кор мекард. Сохтмони ин биноро ширкати “Сервис Строй” анҷом медод. Ин ширкат ҳанӯз дар бораи марги коргараш шарҳе надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *