Муҳоҷири тоҷик корфармои далларо латукӯб кард

Тибқи иттилои мақомоти Русия ин ҳодисаи латукӯб 13 апрел соати 17:40 дар наздикии деҳаи Разказовк рух додааст. Бар асоси навори нашркардаи мақомот се ҷавон ронандаро, ки саркори яке аз онҳо будааст, аз мошинаш берун бароварда, латукӯб кардаанд: “Чанд рӯз баъд муттаҳамон дар ин ҳамла, се зодаи Тоҷикистон боздошт шуданд, ки гуноҳашонро иқрор кардаанд”.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия муттаҳамон сабаби латтукӯби корфармои украиниро ба пардохт накардани музди яке аз онҳо рабт дода, изҳор доштаанд, ки саркор ба замми он шиносномаи ҳамзисти ин ҷавон-зани тоҷикро гирифта, ӯро ба танфурӯшӣ водор мекардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, феълан шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *