Муҳоҷири тоҷикро ошпази гурҷӣ кушт

Ошпази 44-солаи як тарабхонаи Маскав бо иттиҳоми қатли як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Шаби 5 июл муҳоҷири тоҷик барои гирифтани пули кораш ба пеши ин ошпаз омад, вале ба ҷои пул аз дилаш корд хӯрд.

Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки ба зидди як марди 44-сола бар асоси қисми якуми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Тафтишот мегӯяд, ин мард шаби 5 июл дар наздикии истгоҳи метрои «Площадь Ильича” дар заминаи «хусумати шахсии ногаҳон бавуҷудомада” ба синаи як марди шиноси 45-солааш як зарбаи кор задааст. Марди захмиро билофосила ба бемористон фиристодаанд, вале зарбаи корд он қадар чуқур буд, ки ӯ дар роҳ дар мошини «Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Манобеи наздик ба тафтишот мегӯянд, ин марди кордзан, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, зодаи Гурҷистон буда, дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба ҳайси ошпаз кор мекард. Аммо қурбонии ҳамлаи ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, сабаби «хусумати шахсии ногаҳон бавуҷудомада”, ки бо марги ин муҳоҷири тоҷик анҷомид, баҳси пулист.

Гуфта мешавад, ин ошпази гурҷӣ мардикорони тоҷикро тавассути ин шиноси тоҷикистониаш барои тармими хонаву бӯстонсарояш киро карда буд ва шаби 5 июл бояд пули корашонро медод. Вале ҳангоми ҳисобу китоб бар сари маблағе ки бояд пардохт мешуд, байни онҳо баҳс сар задааст, чунки ошпази гурҷӣ ба мардикорон бо баҳонаи ин ки корро хуб иҷро накарданд, пули аз қарордод хеле камтар доданӣ шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, қотил то замони анҷоми тафтишот дар боздошт хоҳад монд. Ба ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105 аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *