Муҳоҷирон аз  Рӯдакӣ гурезонанд

                  

Ба таваҷҷуҳи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода                     

Чаро  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бобати муҳоҷирати дохилӣ иҷро намешавад?

Се  сол қабл, аниқтараш 8 октябри соли 2013  дар ҳаёти беш аз 100 оилаи муҳоҷири шаҳри Роғун мебоист рўйдоди хотирмон ва фаромўшношуданӣ ба вуқўъ мепайваст. Ҳар кадоми онҳо  тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» (аз 11 ноябри соли 2010, №603), «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013 – 2015» (аз 3 декабри соли 2012, №677) ва дигар санадҳои дахлдор дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рўдакӣ соҳиби 0,12 га қитъаи замин мешуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар симои муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Темур Табаров нақшаи генералии деҳаи навбунёдро, ки  бунёди инфрасохторҳо — мактаб, майдони  варзишӣ, кӯдакистон, дорухона, мағозаҳо, роҳҳо ва дигар иншооти иҷтимоиро дар бар мегирифт, ба муҳоҷирон рӯнамоӣ карда, таъкид намуда  буд:  «Сарвари давлат роҳбарияти вазоратро муваззаф сохтааст, ки ба ҳар як оилаи муҳоҷир  дар ҳаҷми  3000  сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуда, барои ройгон овардани ҷиҳози хонаҳошон аз шаҳри Роғун бо нақлиёт таъмин созад»…

Баъд  дар асоси қуръакашӣ барои ҳар як оилаи муҳоҷир  0,12 га қитъаи замин ҷудо карда шуд. Раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Рўдакӣ Саидмурод Тағоев  зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳия бо мақсади амалӣ намудани иқдоми мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешидааст. Ин ваъдаҳою дилпуркунии роҳбарон ба хотирам расиду тасаввур намудам, ки пас аз  се сол аксари муҳоҷирон дар маҳалли нави сукунат манзилгоҳҳои барҳаво сохта, дар сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон неруи ободкорию созандагии тоҷиконро намоиш медиҳанд. Ба ин мақсад дар зарфи ду соли охир чор бор ба мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудам, ки ҳамчун хабарнигор  барои воқиф шудан аз рӯзгори навини муҳоҷирони Роғун роҳнамоӣ намоянд. Вале аз раиси ноҳияи Рӯдакӣ то роҳбарони дахлдор вазъи обу ҳаво ва дурии роҳро баҳона карда, сафарро ба таъхир меандохтанд. Ниҳоят, дафъаи панҷум  тобтистони соли равон бо дастгирии муовини  раиси ноҳия Шӯҳрат Раҳимов 60 километрро бо таксӣ  тай намуда, ба идораи Ҷамоати деҳоти   Эсанбой расидам.

— Мутаассифона, ҳамагӣ 6 оилаи роғуниҳо  омада, таҳкурсии хонаҳошонро рехта, ду-се манзили муваққатӣ  бунёд кардаанд, — гуфт раиси ҷамоат Баҳодур Саидов. — Аксари муҳоҷироне, ки 12 сотихи заминро дар замини ҳамсояи маҳаллаи Хоҷа Булбулон  гирифтаанд, ба сохтмони хонаю дарҳошон шурӯъ накардаанд. Мо барои онҳо аз дарёи Кофарниҳон, ки қитъаҳои гирифтаашон  дар соҳили он воқеъст, лӯлаи резинӣ кашида, барои бо насос кашидани об шароит муҳайё сохтем ва барои захира кардани об бочкаи ғунҷоишаш 20-тоннагиро дар саргаҳи замин гузоштаем. Барои интиқоли неруи барқ  сутунҳои бетонӣ рост намудем. Албатта, шароит барои сохтмони манзил душвору мушкил аст, ҳукумат қитъаҳои заминро барояшон бепул дода,  3 ҳазор сомонигӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст, аммо онҳо аз мушкилот ҳаросида, намеоянд. (Аксҳо бозгӯйи вазъи сохтмони манзили зисти муҳоҷирони Роғун дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд).

Аз Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ сабаби кашол ёфтани интиқоли муҳоҷирони Роғунро ба ноҳияи Рӯдакӣ пурсон шудем. Сардори раёсати мазкур Нуруллоҳ Назаров гуфт:

— Мутобиқ ба қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти №№603 ва 667 3 сол пеш ба 121 оилаи роғуниҳо 12 сотихи замин дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой аз  тариқи қуръапартоӣ ҷудо карда шуда буд. То имрӯз ҳамагӣ 6 оила дар он ҷо таҳкурсиҳои хонаҳошонро рехта, ба сохтмон шурӯъ намудаанд. Дигарон бо сабаби набудани об, неруи барқ, нақлиёт  ва дурӣ аз маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷуръати кӯчида омаданро накарда истодаанд. Сабаби дигар аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор иҷро накардани ваъдаҳои ба муҳоҷирон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлтии ноҳияи Рӯдакӣ дода ба шумор меравад. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тайи ин солҳо ду бор ҷаласаи ситоди муҳоҷирони Роғунро баргузор карда, ниҳодҳои дахлдори Вазорати нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ,  ширкати саҳомии «Барқи тоҷик»-ро барои иҷрои вазифаҳошон даъват намуда буд, вале онҳо сукутро ихтиёр кардаанд.

Муҳоҷирон бояд  дарк намоянд, ки давлату ҳукумат қитъаҳои заминро барои манзилҳои ояндаашон бепул дода, ба мерос  гузоштанашонро барои  аъзои оилаҳо муқаррар кардааст. Ба нестӣ рафтанд он имтиёзҳои замони шӯравӣ, ки   давлат аввал иншооти инфрасохторӣ – мактабу мағоза, бунгоҳи тиббӣ ва дигарҳоро сохта медоду мардум бо майли том кӯч мебаст. Ҳукумат ба ҳисси ватандӯстии муҳоҷирон умед баста, барои беҳтар кардани шароити  зисташон дар ноҳияи Рӯдакӣ қитъаҳои замин ҷудо намудааст, то як гӯшаи ноободи Ватанро ободу сарсабз гардонанд.

 

Эмом НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Р.S. Ин матлабро чор моҳ пеш омода намуда будем, аммо бо сабабҳои гуногун чопи он мавқуф гузошта шуд. Дар ин муддат вазъи сохтмони манзили муҳоҷирони Роғун дар ноҳия беҳтар шуда бошад? Ба ин пурсиши мо муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба сохтмон Ашӯров Раҷабалӣ посух дод, ки «Вазъи сохтмони манзили муҳоҷирони Роғун дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой бетағйир мондааст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои оғози сохтмон омода кардаем. Боз ба 6 оилаи дигари роғуниҳо аз Эсанбой замин ҷудо кардем. Ба муроҷиати мо муҳоҷирони роғунӣ ваъда доданд, ки аз баҳори соли оянда ба сохтмон шурӯъ мекунанд». Ин гуфтаи Ашӯровро раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбой Баҳодур Саидов тасдиқ карда, илова намуд, ки «боз 6 оилаи дигар омада, таҳкурсиҳои хонаҳояшонро рехтанд. Дигарон ваъда ба баҳорон доданд».

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *