Муҳоҷирон ба тиллокобӣ гузаштанд

   Муҳоҷирони тоҷик баъд аз ихроҷ шуданашон аз Руссия барои дарёфти тилло дар мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг кор мекунанд. Дар ин мавзеъ зиёда аз 200 нафар аз субҳ то шом  меҳнат намуда, тиллои ёфтаи худро ба давлат мефӯрушанд.

Ҷӯяндагони ин метали гаронбаҳо онро ба таври дастӣ истихроҷ мекунанд: сангу шағалро канда, дар об мешӯянд. Барои дарёфти як зарра тилло даҳҳо кубометр сангу шағал шустушӯ мешавад.

Ҷумъахон Холов, сокини 35-солаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми октябр  гуфт, ки ӯ баъди ихроҷ шудан аз Русия ба ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг омад, то пул кор кунад. Ҷумъахон мегӯяд, зиндагиаш дар чаҳор соли ахир миёни Шугнову Кӯлоб тақсим шудааст.

«Одатан аз охири моҳи май тиллокобӣ шуруъ мешавад ва то охири октябр идома мекунад. Рӯзе мешавад, ки то ду грамм тилло меёбем. Аммо рӯзе мешавад, ки ҳеҷ чиз пайдо намекунем», — нақл кард ӯ.

Кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг аз қадимтарин конҳои тилои Тоҷикистон буда, дар 300-километрии ҷануби Тоҷикистон воқеъ аст. Ҳарчанд мақомот миқдори истихроҷи тиллоро дар ин кон эълон намекунанд, соли 2015 гуфта буданд, ки истихроҷи тилло ҳудуди 10 сад афзоиш ёфтааст. ​

Абдулмаҷид Тешаев, як сокини солдидаи Ховалинг, солҳо боз дар ин минтақа ба тиллокобӣ машғул аст. Ӯ гуфт, дар як ҳафтаи ахир барояш муяссар шуд, ки як грамм тилло пайдо кунад. «Имрӯз корам омад кард ва тилло ёфтам. Ҳолате мешавад, ки дар як ҳафта чанд ҷойро меканӣ, ҳеҷ тиллое нест», — гуфт ӯ.

Ҷӯрахон Талбаков бо ташвиқи муҳоҷирони собиқ ба Шугнов омадааст. Аммо ба ин кор чандон дилгарм нест. Ӯ мегӯяд, ки муҳоҷирати корӣ барояш сабуку беҳтар буд. «Кори инҷо каме мушкил аст. Ҳоло як сол зиёдтар шуд, ки ба муҳоҷират нарафтам ва дар инҷо кор карда зиндагии хонаводаро пеш мебарам», — афзуд ӯ.

Маълумоти махфии тилло

Дар канори тиллошӯён истихроҷи саноатии тилло низ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар инҷо чанд ширкат кор мекунанд, бархеашон давлатӣ ва баъзеи дигар хусусӣ ҳастанд. Ширкатҳо низ маълумоти ҳаҷми истихроҷи тиллоро намегӯянд, чунки тиқби қонун ин маълумоти махфӣ аст.

Зимистон дар ин мавзеъ чанд метр барф меборад. То барфи аввал ширкатҳо шабурӯз кор мекунанд. Регу шағали тиллодорро мошинҳои азим то таҷҳизоти шағалшӯи мекашонанд. Тилло дар зарфҳои вежа такшин мешавад  ба гуфтаи муттахасисон бо чунин шакли истихроҷ, то 8 дарсади тилло талаф меёбад.

Чин ба конҳои тиллои Тоҷикистон часпидааст

Дар Тоҷикистон то кунун 130 кони тилло кашф шудааст. Ҳаҷми истихроҷи тилло дар кишвар сол ба сол меафзояд. Соли 2012 дар Тоҷикистон 2,5 тонна тилло истихроҷ шуд. Соли гузашта ҳаҷми тиллои истихроҷшуда ба 5 тонна расид. Имсол дар нақша аст ҳаҷми истихроҷи тилло боз 25 дарсад бештар шавад.

Аз ҳама бештар муҷаввизи истихроҷи тиллоро дар конҳо ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин ба даст меоранд. Новобаста ба шакли моликият, ҳамаи тиллои истихроҷшуда дар Тоҷикистонро Бонки миллӣ харидоррӣ мекунад, ки дар хазинаи тиллоиву асъории кишвар нигоҳдорӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *