Муҳоҷирон биҳишти сохтаашонро оташ заданд

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он муҳоҷирони тоҷик корфармоёнеро, ки пули онҳоро надодаанд, ба як шакли ғайриоддӣ «ҷазо” медиҳанд. Мардикорони тоҷик дар назди видеокамера корҳои сохтмонии анҷомдодаашонро бо дастони худ вайрон карда, мегӯянд, ҷазои касе ки мардикорро фиреб медиҳад, ҳамин аст.

Канали Made in Tajikistanдар сомонаи Ютуб шоми 31 январ видеоро нашр кард, ки дар он лаҳзаҳои аз корфармоёни фиребгар интиқом гирифтани мууҳоҷирони тоҷик тасвир шудааст.

Дар аввали видео як ҷавони тоҷик дар дохили як толор дида мешавад. Ӯ мегӯяд, барои як арманӣ деворҳои ин толорро тармим кардаанд, вале ӯ пулашонро надодааст. Ин ҷавон мегӯяд: «Бояд ҳар тоҷик ҳамин корро бикунад. Барои онки агар сӯми туро надоданд, пагоҳ як тоҷики дигарро «кидать” намекунанд. Мо инҷоро пурра распилка задем, азбаски пуламонро надоданд, бояд ин распилкаи задаамонро бо видео пурра биканем.”

Ин ҷавон сипас дрели электрикиро ба даст гирифта, бо ҷидду ҷаҳд деворҳои толорро хароб мекунад ва ҳама кори анҷомдодаашонро аз байн мебарад.

Дар лаҳзаи дигари ин видео як гуруҳи мардикорони тоҷик дар як бинои нимсохт дида мешаванд. Яке аз онҳо бо лаҳни пурдашном мегӯяд: «Се моҳ дар инҷо мурда-мурда кардем, пуламонро надоданд, кидатамон карданд, ана нигоҳ кунед, ки мо чӣ кор мекунем? Касе аз бачаҳои тоҷикро агар кидать карданд, аз мо ёд бигиранд. Ана тамошо кун!”

Ин ҷавони тоҷик сипас путки вазнинеро ба даст гирифта, девори биноро чаппа мекунад. Ҳамроҳонаш ин лаҳзаҳоро ба навор мегиранд ва ҳар лаҳза бо нидои «Давай! Давай!” ин ҷавони хашмолудро бале мегӯянд.

Ҷавони тоҷик низ ҳар дафъа бо ваҷди бештару бештар ба унвони корфармоёнашон дашноме фиристода, бо путк ба кандани девор идома медиҳад. Ӯ дар ин ҷараёни интиқомгирӣ чунон ба шӯру шавқ меояд, ки яке аз ҳамроҳонаш дигар вайро манъ мекунад: «Ҳе бача, бас аст! Бас аст дигар!”

Дар лаҳзаи сеюм як муҳоҷири тоҷикро дар як хонаи хеле ороста ва тоза тармимшуда мебинем. Ин ҷавон мегӯяд, ки баъди дидани чунин як видеои интиқомгирии муҳоҷирони тоҷик аз корфармоёни фиребгар ӯ ҳам ба хулоса омадааст, ки бадқавлии корфармояшро бидуни ҷавоб нагузорад: «Бародарон, нигоҳ кунед. Мо ин хонаро гирифтем, аз нол ба тамоми дараҷааш ба чени метавонистагиамон ва ҳатто аз метавонистагиамон зиёд пурра тармимаш кардем. Пули моро надода истодаанд. Инҷо фақат кори устои барқ мондааст, дигар ҳама корҳо анҷом шудаанд. Ошхонаву телевизору тамоми қабру балояшро овардааст ва бояд зиндагӣ кунад алакай, лекин пули моро надода истодааст. Мо бояд чӣ кор кунем? Се моҳ шуд! Се моҳ шуд, ки мо инҷо ду кас хуни ҷигар об кардем, аз нол ҳамин хонаро рост кардем. Ман бояд чӣ кор кунам? Аз ҳама чизи маъқултарин барои соҳиби хона ҳамин мозаика аст дар инҷо. Ман ана ҳамин мозаикаро пурра меканам!”

Ин ҷавон сипас болғаро ба даст гирифта, мозаикаи хеле зебоеро, ки худи онҳо бо машаққати зиёд дар девори ин хона сохта буданд, меканад.

Ин видео вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Бисёриҳо ба ин ҷавонони тоҷик офарин хонда, мегӯянд, ба ҷои насли муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия барои корфармоёни бевиҷдон як луқмаи хом ва ғуломи тайёр буданд, насли наве ба вуҷуд меояд, ки аз ҳаққи худ ҳатто дар ин мулки мусофират дифоъ карда метавонад.

Аммо гуруҳи дигар аз оқибатҳои чунин ҷазодиҳии худсарона ҳушдор додаанд. Қонунгузории Русия ҷазодиҳии худсаронаро манъ карда, чунин рафторро метавонад ҳамчун қасдан вайрон кардани моликияти ғайр арзёбӣ кунад. Моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои қасдан вайрон кардани молу мулки ғайр ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба маблағи 40 ҳазор рубл то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳар сол муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба маблағи садҳо миллион рубл ҳаққи кори худро аз корфармоёнашон рӯёнда наметавонанд ва дар бисёр маврид маҷбур мешаванд, бо ҷайби холӣ ба Ватан баргарданд. Ҳолатҳое ҳам зиёд аст, ки корфармоён дар рӯзи ҳисобу китоб ба ҷои пул дастаҳои пулису ОМОН-ро ба пеши мардикорони худ мефиристанд. Пулис ин муҳоҷирони беҳимоятро села-села аз Русия ихроҷ мекунад ва пули бо арақи ҷабин коркардаи ин мардуми бечора дар ҷайби корфармоёни беинсофашон мемонад.

ДИҚҚАТ! ДАР ВИДЕО АЛФОЗИ ҚАБЕҲУ ДАШНОМ ҲАМ ҲАСТ. МУТАВАҶҶЕҲ БОШЕД!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *