Муҳоҷирон дигар зани рус гирифта наметавонанд!

Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби маълумотномаи муҷаррадӣ, аз Русия хостааст, ки бе тасдиқи вазорат онро қабул накунад. Тайи солҳои охир 84 издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо занони Русия ба хотири сохта буданашон, бекор шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои осон гирифтани шаҳрвандии Русия бо хонумҳои рус издивоҷи тақаллубӣ мекунанд.

Роҳбари раёсати Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлия,Саодатбибӣ Сироҷзода гуфтааст,ки “дар пайи чанд баҳсҳои судӣ дар Русия маълум шуд, ки шаҳрвандони мо бо пешниҳоди маълумотномаи дурӯғин дар онҷо дубора издивоҷ кардаанд, ҳол онки дар Тоҷикистон соҳиби оила буданд. Бинобар ин, ба Вазорати адлия ва САҲШ-ҳои Русия мактуб фиристодем, ки танҳо пас аз тасдиқи мо маълумотномаҳоро қабул кунанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *