Муҳоҷирони ҷавонмарг
Ҷасади ҳафт муҳоҷири тоҷик, ки шаби 19 ноябр бар асари сӯхторе дар ҳудуди фабрики мурғпарварии «Абсолют Агро»-и вилояти Тюмени Русия ҷон бохтанд, 23 ноябр ба ватан оварда хоҳад шуд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, барои интиқоли ҷасадҳо асноди заруриро таҳия карданд. Ҳамаи ҳафт зодаи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва Мастчоҳи Кӯҳӣ будаанд.
Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, раҳбарияти ширкати “Горизонт”, ки муҳоҷирони ҳалокшудаи тоҷик дар ҳайаташ кор мекарданд, пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаҳо ва, инчунин, харҷи интиқоли ҷасаду маросими дафнро бар ӯҳда гирифтааст.
Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод кард, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд. Сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нодурусти бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ